Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол
қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва
аҳли ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати
демократии дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон тавассути иродаи устувор, шуҷоати сиёсӣ ва маданияти стратегии худ дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими заминаҳои сиёсию ҳуқуқии рушди мамлакат нақши барҷаста гузошт, ки яке аз намунаҳои он таҳия ва дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи миллати тоҷик маҳсуб гардида, дар асоси санадҳои меъёрию байналмилалии ҳуқуқи башар таҳия гардидааст. Тоҷикон ҳамчун миллати мутамаддин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути Конститутсияи мазкур волотарин ормонҳои давлатдории хешро ифода намуда, дар ин замина роҳи сиёсии интихобкардаи хеш, таҳкими арзишҳои дунявият дар рушди давлатдории миллӣ, истиқлоли сиёсӣ, тамомияти арзии кишвар, аркони давлатдорӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлат, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва муқаддасоти дигари миллиро асоси конститутсионӣ бахшидаанд.
Маҳз дар амал татбиқ намудани чунин идеалҳои сиёсӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ рафтори қишрҳои мухталифи ҷомеаи тоҷикро аз марҳилаи буҳронӣ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёт ворид сохт. Дарвоқеъ, Конститутсия роҳнамои рушди бонизоми мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таҳкими самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дар шароити нави ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад.
Конститутсия маҳаки асосии низоми ҳуқуқии давлат ба ҳисоб рафта, барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди соҳаҳои алоҳидаи мамлакат заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.
Албатта ҳар як сохтори ҷамъиятӣ низоми арзишҳои ба худ хос дорад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи суқути Иттиҳоди Шуравӣ ба сохтори сифатан нави ҷамъиятӣ ворид шуда, волоияти низоми арзишҳои пешқадами ҷамъиятиро дар Конститутсияи худ дарҷ намуд.
Бори аввал идеяи таҳияи конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Дарвоқеъ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши бузург гузошт. Аз ин нуқтаи назар Конститутсияи кунунии кишвар дастоварди бузурги сиёсию таърихии миллати тамаддунофар ва куҳанбунёди тоҷик маҳсуб гардида, дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои муҳиму сарнавиштсози Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, то санаи 6 ноябри соли 1994, яъне то рӯзи баргузор намудани райъпурсии умумихалқӣ марҳилаҳои мухталифи такомулро тай намудааст.
Масалан агар лоиҳаи ниҳоии Конститутсия тибқи қарори Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардида бошад, пас дар муддати ду моҳи муҳокимаи лоиҳа зиёда аз 8500 пешниҳод аз ҷониби тоҷикони доҳилӣ ва берунмарзӣ ба суроғаи Шурои Олӣ ворид гардид, ки барои боз ҳам мукаммалтар гардидани ин санади тақдирсози давлату ҷомеа мусоидат намуд. Ҳамчунин дар ин раванд барои боз ҳам мукаммалтар гардидани Конститутсия нусхаи ниҳоии он ба доираҳои илмӣ ва мутахассисони касбии кишварҳои мутамаддини Аврупои Ғарбӣ, Америка, Россия ва як қатор ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии ҳуқуқи башар пешниҳод гардида, дар натиҷаи муҳокимаронии онҳо баҳои баланд гирифт.
6-уми ноябри соли 1994 дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ райъпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор шуд, ки дар он 2685724 ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумор 2535437 нафар бевосита дар райъдиҳӣ ширкат намуд, ки дар натиҷа 2352554 нафар (87,59%) ба ҷонибдории қабули Конститутсия овоз доданд. Танҳо 105300 нафар (4,92%) бар зидди қабули Конститутсия овоз доданд.
Конститутсия таҷассумкунандаи иродатмандии як умумияти томи сиёсию таърихӣ ва мутлақпиндории низоми арзишҳои муайяни ҷамъиятӣ ва ормонҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта, ифодакунундаи воқеиятҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию маънавӣ, маърифатию ахлоқӣ ва идеологию фарҳангӣ маҳсуб мегардад. Аз нигоҳи сиёсӣ тавассути Конститутсия ҳамгироии умумиҷамъиятӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таъмини карда мешавад. Зеро агар сиёсатро сатҳи муносибати ҳокимиятие арзёбӣ намоем, ки он ягонагӣ ва устувории ҷомеаро таъмин намояд, пас Конститутсия воситаи дар амал татбиқ намудани ҳокимияти сиёсю давлатӣ маҳсуб мегардад. Аз ин нуқтаи назар, замоне, ки мо дар атрофи нақши Конститутсия дар рушди сиёсию идеологӣ муҳокимаронӣ менамоем, бояд пеш аз ҳама вазифаҳои онро аз дидгоҳи сиёсию идеологӣ мушаххас намоем, ки онҳоро метавон ба таври зайл нишон дод:
- ба расмият даровардани сиёсат.
- иртиботи аҳолӣ бо системаи сиёсӣ.
- муайян намудани самтҳои рушди сиёсӣ.
- муайян намудани самтҳои рушди идеологӣ ва таъмини легитимияти ҳокимият
- тақсимнопазирӣ ва устувории ҷомеа.
- муътадил нигоҳ доштан ва танзим намудани рафтори сиёсию иҷтимоии мардум.
- волоияти қонун дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ.
Конститутсия пеша аз ҳама санади меъёрию ҳуқуқие маҳсуб мегардад, ки дар он асосҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, идеологӣ ва иқтисодию фарҳангии системаи ҷомеа дарҷ гардидааст. Ба ибораи дигар мундариҷаи асосии конститутсияро асосҳои бунёдии давлатдорӣ аз қабили асосҳои сохтори конститутсионӣ, волоияти қонун, сохти ҷамъиятӣ, муқаддасоти арзишҳои умумиинсонӣ ва мақоми ҳуқуқии фард ташкил медиҳад. Аз ин нуқтаи назар конститутсия на танҳо дар масири бунёди давлатдорӣ ва устувор намудани пояҳои давлатдорӣ нақши муассир дорад, балки он дар рушди сиёсию идеологии мамлакат низ нақши калидӣ дорад. Зеро сарфи назар аз режими сиёсӣ ва сохтори сиёсии ҷомеа конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пайвандгари муносибатҳо миёни ҳокимият ва ҷомеа боқӣ мемонад.
Бояд ёдовар шуд, ки гузариш аз як марҳилаи рушду инкишоф ба марҳилаи сифатан нави рушду инкишофи мамлакат то андозае аз рушди идеологӣ вобастагии амиқ дорад. Махсусан дар шароити рушди бемайлони технологияҳои иттилдоотиву коммуникатсионӣ амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва дар маҷмуъ устувории ҷомеа аз сатҳу сифати таъмини амнияти иттилоотиву идеологӣ вобаста мебошад.
Бидуни шак идеологияи сиёсӣ ниҳодҳои сиёсии ҷомеаро ба воқеиятҳои навӣ замони муосир мутобиқ сохта, ваҳдату ягонагии миллӣ, тарбияи руҳию маънавӣ, шуури ҷамъиятӣ, маданияти сиёсӣ ва дар маҷмуъ тарбияи идеологии миллатро дар шароити дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоии ҷомеа таъмин менамояд.
Аз тараффи дигар истиқлоли сиёсӣ дар рушди сиёсию идеологии Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷидди бахшида, дар зеҳну тафаккури миллати тоҷик бори дигар ангезаи эҳёи миллиро бедор сохт. Ҳамзамон дар шароити бунёди давлатдории миллӣ таҳкиму густариши идеологияи миллӣ пеш омадааст, ки он барои мавҷудияти давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ нақши ҳаётан муҳим дорад. Аз ин нуқтаи назар тарбияи идеологӣ ва дар руҳияи идеологияи милли тарбия намудани насли наврасу ҷавон барои боз ҳам устувор намудани пояҳои истиқлоли сиёсии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бояд иқрор шуд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки асоси онро мухолифатҳои идеологӣ дар сатҳи миллию минтақавӣ ташкил медод Ҷумҳурии Тоҷикистонро то андозае аз равандҳои идеологӣ дар канор гузошт.
Ҳамзамон дар шароити муборизаҳои идеологию мафкуравии замони муосир барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани тарбияи идеологии мардуми кишвар дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идеалҳои арзишманди умумимиллӣ бояд дастгоҳи идеологии давлат эҳё ва дар шароити ҷангҳои иттилоотию идеологӣ фаъол гардонида шавад. Махсусан дар шароити мураккаб гардидани фазои идеологии ҷомеа идораи бошуурона ва танзими ҳадафманди афкори ҷамъиятӣ яке аз вазифаҳои асосии идеологияи сиёсӣ маҳсуб мегардад. Зеро дар шароити муосир зоҳиршавии таҳдидҳои идеолгӣ метавонанд дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ монеа эҷод сохта, раванди рушди бемайлони кишварро халалдор намояд. Аз ин ру, Конститутсияро дар шароити зиддиятҳои идеологӣ роҳнамои рушди сиёсию идеологии кишвар арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад. Зеро дар равандҳои идеологии ҷаҳони муосир таъсири идеологияҳои геополитикии қудратҳои бузурги минтақа ва ҷаҳон ба раванди рушди сиёсию идеологӣ эҳсос мегардад. Дар чунин шароит маҳз ягонагии идеологӣ метавонад ҳамгироии умумимиллии миллати тоҷикро дар атрофи арзишҳо ва идеалҳои арзишманди таърихию ҷамъиятӣ боз ҳам муттаҳидтар намояд.
Ҳамин тариқ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои рушду инкишофи соҳаҳои алоҳидаи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар таҳкими давлатдории навин нақши муассир дорад. Аз фурсати муносиб истифода намуда, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати бузургдошти ҷашни 28-умин солгарди Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният менамоям.
БАРОТОВ Исроил Иброҳимович,
муовини сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон