Рушду инкишофи давлати миллиро дар шароити муосир бе мавҷудияти кадрҳои баландихтисос тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҳамин ҷост, ки ҳанӯз аз замони пайдоиши аввалин давлатҳо мутафаккирон оид ба идораи корҳои давлатӣ ва нақши кадрҳои воқеӣ ибрози назар намудаанд. Дар воқеъ идоракунии давлатӣ кори осон набуда, ташаккул ва рушди он аз чи гунагии кадрҳо вобастагии ногусастанӣ дорад. Маҳз ба ҳамин хотир аз Аристотел, Фирдавсӣ ва Ғаззолӣ саркарда, то олимони замони муосир мақоми кадрҳои баландихтисос ва касбиро дар рушди ҳама гуна ҷомеа ва давлат омили асосӣ арзёбӣ кардаанд.
Дар шароити имрӯза низ, тарбия намудани насли солим ва кадрҳои баландихтисос дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ омили асоси рушди давлатҳо гардидааст. Зеро боигарии стратегии давлат ин шаҳрвандони босавод ва дорои донишу малакаҳои муосир мебошанд. Маҳз захираҳои зеҳнӣ рушди устувори соҳаҳои ҷамъиятӣ ва рақобатпазирии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ таъмин менамоянд.
Нақшаю дастовардҳои инкишофи ҳозира ва ояндаи кишвари мо бевосита аз кадрҳои ҷавони донишманду боистеъдод ва баландихтисос вобаста аст, бинобар ин ба самти мазкур диққати махсус дода мешавад.
Ҳоло дар низоми давлатдорӣ тағйирдиҳии сохторӣ ва кадрӣ, аз ҷумла мусоидат ба таъсиси кумита ва идораҳои нав, дастгирии кадрҳои ҷавонон ривоҷ ёфта истодааст.
Ба такмили кадрҳои болаёқат ва нерӯи зеҳнӣ, рушд ва дастгири соҳаи маориф ва тандрустӣ дар кишвар муҳим аст. Дар ин самт, афзоиши маблағгузорӣ бо таъмини наздикшавии сатҳи таҳсилот дар мактабҳои миёна ва олӣ, ҳамчунин сифати хизматрасонии тиббӣ ба меъёрҳои қабулшудаи сатҳи ҷаҳонӣ таъмин карда мешавад.
Бояд қайд намуд, Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба кадрҳои ҷавони баландихтисос ниёз дорад ва таваҷҷуҳ ба ин самт зиёд дода мешавад. Имрӯз роҳ ёфтани кадрҳои ҷавон ба мансабҳои роҳбарикунанд ва иштироки фаъоли онҳо дар фазои сиёсии давлат ва ҷаҳон гувоҳи он аст. Дастовардҳо ва рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистонро бе иштироки кадрҳои ҷавон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Имрӯз дар сатҳи роҳбарияти бештари вазорату идораҳо намояндаи ҷавонон фаъолият карда ва дар рушди соҳаҳои мухталифи ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд.
Аз ин лиҳоз, дар шароити кунунӣ такмил додани сохтори идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ гаштани Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ вобаста аст. Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои худ оид ба ҳарчи бештар такмил ва рушд додани сохторҳои идоракунии давлатӣ ибрози андеша менамоянд. Дар ин замина, таваҷҷуҳ намудани Пешвои миллат ба ҷавонон махсусан, ба ҷавонони фаъол ва кадрҳои баландихтисос омили гуфтаҳои болоянд. Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 иброз доштанд: «Роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон ва умуман, ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номусро зарур аст, ки барои ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар талош намоянд…Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад».
Дар ояндаи наздик сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи такмил додани вазифаҳои вазорату идораҳо таҷдид шуда, рушди касбияти хизматчиёни давлатӣ, шаффофияти фаъолияти мақомотҳои давлатии идоракунӣ ва паст намудани сатҳи коррупсия таъмин мегардад. Низоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбия ва ташкили захираи кадрҳои роҳбарикунанда ба таври куллӣ бояд такмил ёбанд. Масъулияту ҷавобгарии шахсии роҳбарони мақомотҳои давлатӣ нисбати натиҷанокии рушди соҳаю бахш ба воситаи ворид намудани иловаҳои дахлдор ба низоми қонунгузорӣ ҷорӣ карда мешавад.
Сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва дастрасиву шаффофияти онҳо ба талаботи арзу ниёзи мардум мувофиқ гардонида, гузариш ба усулҳои «Ҳукумати электронӣ» то наздиктарин фурсат бо сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ таъмин мегардад. Ҳукумати электронӣ ягона системаи идоракунӣ дар замони муосир мебошад, ки шаффофияти фаъолияти давлатро ба шаҳрвандонаш нишон дода метавонад. Имрӯз тамоми давлатҳои рушдёфта аз ин система истифода мебаранд. Ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ҳоли гузариш ба системаи «Ҳукумати электронӣ» мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҷумла, кадрҳои дорои донишҳои муосири техникӣ барои кишвари мо зарур аст.
Дар шароити Тоҷикистон мавҷудияти кадрҳои баландихтисос нақши муҳимро дар тадбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногун бозӣ мекунад. Заминаи асосиро дар рушди он соҳаи маориф ва фановарӣ иҷро менамояд. Таъкидҳои Сарвари давлат дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар маҳз ба рушди мақоми кадрҳои баландихтисос нигаронида шудааст.
Дар даҳ солаи охир Ҳукумати кишвар ба тарбияву тайёр кардани кадрҳои баландихтисос диққати махсус дода, барномаҳои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, стратегияи рушди кишвар ва дар ҳар як низомномаи вазору идораҳоҳо боб ва ё моддае дар бахши тарбияи кадрҳои баландихтисос оварда шудааст. Имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ барои такмили дониши ихтисоси кормандон дар назди аксарияти вазорату идораҳо курсҳои такмили ихтисос таъсис додаст. Бояд гуфт, ки яке аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувори давлат ва мукаммал сохтани системаи идоракунии давлатӣ таъсиси Донишкадаи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додани донишкадаи мазкур аз муҳимтарин иқдомоте мебошад, ки дар омода намудани кадрҳои соҳибистеъдод ва касбӣ мусоидат намуда, дар таъмини рушди устувори давлат нақши худро мегузорад. Ҳамчунин, дар робита ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷа дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сафарбарии кадрҳои ҷавон барои омӯзиш ва такмили ихтисос ба роҳ монда шудааст. Ин ҳама иқдомҳо баҳри рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сифати идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, дар шароити муосир ва дар низоми идораи корҳои давлатӣ ҷалб гардидани кадрҳои донишманд ва огоҳ имкон медиҳад, ки соҳаҳои гуногуни ҷомеа рушд карда, давлат системаи муназзами ташаккул ва рушдро соҳиб гардад. Ҳамзамон, раванди ҷаҳонишавӣ ва рақобати байниҳамдигарии давлатҳо тақозо менамоянд, ки дар идоракунии давлатӣ шахсони кордон ва донандаи илмҳои муосир сафарбар карда шаванд. Агар мавҷудияти чунин шахсон аз як тараф рушди устувори давлатро таъмин намояд аз тарафи дигар раванди таъмини амнияти миллиро самаранок мегардонад.
Шоҳрухи Ҷаббор
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии Назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон