“Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост”

 Эмомалӣ Раҳмон

Мардуми куҳанбунёди тоҷик дар ҳама марҳилаҳои таърихи намунаи беҳтарини давлатсозию давлатдориро барои башарият муаррифӣ намудаанд.

Дар ҳар як марҳалаи таърихии тақдирсози халқи тоҷик зиёиён, сиёсатмадорону  донишмандон барои тақдири миллат, баҳри эҳё ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию худогоҳии миллии ҷомеа, дар зеҳну тафаккури онҳо бедор кардани ифтихори ватандорӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ҳисси баланди миллӣ ва меҳру муҳаббатро нисбати ҳамдигар пайваста тарғибу ташвиқ намудаанд.

Аз ҳама муҳим барои худогоҳ ва худшинос гардидани мардуми кишвар омилҳои асосии рушду эҳёро муайян намудаанд, аз тарафи дигар  кӯшиш ва талош доштанд, ки бо омӯхтани асарҳои гаронбаҳои арзишманди ниёгон анъанаҳои миллиро аз нав зинда гардонида, муаррифию пос доранд. То ин ки насли оянда аз ин муқаддасоти миллӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳангу анъанаҳои миллӣ ифтихор намуда, дар вуҷуди худ ҳисси садоқату ватандориро бедор намоянд, корномаю ҳикмати гаронбаҳои онҳоро сармашқи фаъолияти худ гардонад.

Дар раванди шаклгирӣ, ташаккулёбӣ ва камолоти ҳар миллату давлат, ҳодисаҳои муайян ё ғайриинтизор рӯй медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ, расидан ба истиқлоли давлатӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад.

Имсол мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони 33-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои беназир таҷлил менамояд. Истиқлоли давлатӣ пойдевори асосии ҷомеа ба шумор рафта, дар раванди ташаккулёбии давлатдории миллӣ аҳаммияти хосса дорад.

Бо амри тақдир Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба миллати тоҷик саҳифаи нави дурахшонро кушода, имкон фароҳам овард, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллӣ гардад ва дар баробари дигар кишварҳои дунё ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шавад. Бояд қайд намуд, ки соҳибистиқлолии давлатӣ мавқеъ мебошад ва истиқлоли миллӣ бошад ҳолат аст. Соҳибистиқлолии давлатиро дар дохили кишвар эълон менамоянд ва онро аз берун давлатҳои дигар эътироф мекунанд. Соҳибистиқлолии давлатиро доираи муайяни кишварҳои ҷаҳон ба расмият мешиносанд, давлат дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил ворид гардида, дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ як қатор уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳоро соҳиб мегардад.

Маҳз ин ҳодисаи таърихӣ аввалин марҳалаи нави рушди давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Яъне Истиқлоли давлатӣ барои ин мардуми таҳаммулгарову тамаддунсоз ва фарҳангсолор неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунандаи асоси соҳибихтиёрӣ буд.

Бояд қайд намуд, ки оғози марҳалаи нав дар назди мардуми куҳанбунёди Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр муҳимму пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯй ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузоштааст. Дар ин ҷо ҳимояи пояҳои истиқлоли сиёсӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ дар низоми манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар мавқеи хосса дошта, барои мавҷудияти давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ нақши ҳаётан муҳимро доро мебошанд.

Татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли давлатӣ дар шароити мунтазам тағйирёбандаи вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти хоси ҳаётан муҳимро касб намудааст. Бинобар ин, ҳимояи рукнҳои истиқлоли сиёсӣ, яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар низоми манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар мавқеи хосса дошта, барои мавҷудияту рушди минбаъдаи давлату миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ нақши ҳаётан муҳиму ҳалкунандаро ба иҷро мерасонад.

Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ, ҳамчун афзалияти умумимиллӣ, вазъи ҳимояшавандагии манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишварро дар назар дорад. Дар шароити ҳозира манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистонро манфиатҳои бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, рушди устувор ва ҳимояи кишвар аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ, моҷароҳои сиёсӣ ва инқилобҳои гуногун ташкил медиҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки истиқлоли давлатии тоҷикон маҷмуи натиҷаи истиқлоли фикрии ниёгони гузашта, идомаи мантиқии занҷираи давлатдорӣ, таҷлил ва инъикоси ормонҳои ҳазорсолаи таърихии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар ин замина истиқлоли фикриро ҷавҳари бебаҳои истиқлоли сиёсӣ арзёбӣ намудан мувофиқи мақсад аст.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо талоши гурӯҳҳои манфиатдори дохилӣ ва хориҷӣ ба моҷароҳои харобиовари сиёсӣ, ки оқибаташ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷаи ба вуқуъ пайвастани буҳронҳои сиёсию иҷтимоии баъзе омилҳои аз даст рафтани истиқлоли сиёсиро ба миён оварданд. Буҳрони сиёсӣ дар кишвар пояҳои фаъолияти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ,  сохторҳои қудратиро фалаҷ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро хатари нобуд гардидан аз харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид менамуд. Маҳз дар чунин вазъи барои миллату сарзамини мо фавқуллода мураккаб, хиради азалӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони асилу меҳнатдӯсти он зарур буд.

Боиси арҷгузорист, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ оғози марҳалаи нав дар ташаккули низоми давлатдории навини тоҷикон буд, ки давлату миллати тоҷикро аз вартаи фалокату нестшавӣ наҷот дода, ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сиёсӣ ва пояҳои истиқлоли давлатиро устувор  намуд. Истиқлоли сиёсӣ дар зеҳну тафаккури миллати тоҷик ангезаи эҳёи миллиро бедор сохта, ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият бахшида, барои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакат дар равандҳои пуртазоди байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Ноил гардидан ба истиқлоли давлатӣ, яъне озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ, рамзи қудрату тавоноии миллӣ ва дар маҷмуъ, рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ ва ҳастии тоҷикон дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон буд. Ҳамчунин, дар ҷаҳони муосир, вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи равандҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон ба амал омада истодааст, мазмуну муҳтавои истиқлоли давлатиро ба якчанд дигаргуниҳо дучор сохтааст. Яъне истиқлоли давлатӣ дар баробари равандҳои дигари ҷамъиятӣ ба ваҳдату субот ва амнияти дохилию хориҷӣ ниёз дорад. Аз ин нуқтаи назар, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакат дар ҳолатҳои зоҳиршавии таҳдидҳои гуногун ба истиқлоли сиёсӣ авлавияти старагегӣ касб намудааст. Аз назари фалсафаи сиёсат истиқлоли сиёсӣ ҳолатест, ки дар он миллат ҳамчун умумияти томи сиёсию таърихӣ сарнавишти имрӯза ва ояндаи худро ба даст гирифта, манфиатҳои умумимиллиро дар арсаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ҳимоя карда метавонад. Бидуни истиқлоли сиёсӣ натанҳо мавҷудияти давлатдорӣ, балки ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконопазир аст.

Истиқлоли сиёсӣ волоияти ҳокимияти сиёсие мебошад, ки дар қаламрави мамлакат машруъияти миллию дохилӣ ва дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ машруъияти байналмилалӣ касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ расман эътироф шуда бошад. Аз ин рӯ, машруъият ҷавҳари арзишии истиқлоли сиёсиро дар муҳити дохилию берунаи системаи сиёсӣ ташкил медиҳад. Тавре дар боло ишора гардид, истиқлоли сиёсиро дар дохил эълон ва дар хориҷ эътироф менамоянд. Ҳамчунин, истиқлоли сиёсӣ озод будани як давлат аз тобеият ба давлати дигар буда, ифодакунандаи мустақилияти миллӣ дар муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ бидуни дахолати кишварҳои беруна мебошад.

Истиқлоли сиёсӣ аз нигоҳи мантиқи сиёсӣ ҳамчун раванд арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, таъмини амнияти миллии мамлакат ва таъмини суботи сиёсии кишвар маънои ҳимояи истиқлоли сиёсии кишварро дорад. Таъмини амнияти миллӣ–ин бешубҳа, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳим, манфиатҳои бақодорӣ, манфиатҳои ҳарбӣ ва ҳимояи истиқлоли сиёсист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари ҷуғрофӣ дар чорсӯи тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонӣ қарор дошта, бо онҳо ҳамҷавору дорои муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад. Мавқеи мазкур метавонад ба раванди ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар дар арсаҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон зарфияти таъсиргузор дошта бошад.

Ба андешаи мо, дар масири ояндаи таърихӣ истиқлоли фикрию рушди илмӣ, идеологияи миллӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳимоя ва таҳкими заминаҳои маърифатии истиқлоли сиёсӣ, мувозинати стратегӣ ва таъмини тавозуни геополитикӣ дар фазои кишвар, иқтисод ва саноати пешрафта ва дар маҷмуъ, рушди устувор метавонад пояҳои истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар равандҳои мураккаби минтақа ва ҷаҳон устувор намуда, натанҳо таҳдидҳо ба манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакатро бартараф месозад, балки метавонад барои расидан ба қуллаҳои баланди истиқлоли сиёсӣ дар масири давлатсозӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Таҳкими ваҳдати миллӣ пояи устувори истиқлоли сиёсист ва ҳифзи истиқлоли миллӣ маънои таҳким бахшидани ваҳдати миллиро дорад. Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ ду мафҳуми ҷудонашавандаанд.

Дар баробари ин, истиқлоли сиёсӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакат низ бо ҳамдигар алоқамандии ногусастанӣ дошта, аз нигоҳи мантиқӣ яке бо дигаре бартарию неруи нав бахшида, ҳамеша ҳамсафари давлатдории миллати тоҷик дар масири ояндаи таърихӣ мебошанд. Аз ин нуқтаи назар, таҳкими идеологияи миллӣ ва ваҳдати миллӣ пояҳои истиқлоли сиёсиро таҳким бахшида, ҳамчунин, ягонагии миллиро дар масири устувор намудани пояҳои истиқлоли сиёсии тоҷикон низ ҳамчун умумияти томи сиёсӣ дар арсаи сиёсӣ ташаккул медиҳад.

Маҳз истиқлоли сиёсии мо, ки нахустин маротиба бо номи миллат ба он соҳиб гардидем, тавонист дар зеҳнияти ҷомеаи Тоҷикистон, хоссатан насли ҷавон, шуури миллиро тақвият бахшида, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти арзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсониро ташаккул диҳад.Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба истиқлол даҳсолаҳо муборизаи беамон бурдаанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафар фарзандони худогоҳ ва асили худро аз даст додаанд. Вобаста ба масъалаи таҳкими арзишҳои миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд:  «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯйи истиқлол чӣ гуна душвору тулонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлол ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз шашҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».

Ҳамзамон, Президенти кишвар таъкид менамоянд, ки «Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлоли Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст».

Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст. (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Ҷ.3. Душанбе2006. Саҳ 28).

Агар ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ назар афканем, онҳо хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд.  Вале номбар кардани ҳамаи онҳо ғайриимкон аст, дар як давраи хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, он қуллаеро паймуд, ки ниёгони мо аз Оли Сомон онро тули мавҷудияти давлатдории худ тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлол, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем.

Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сию се соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, барои ҷовидона сохтани  фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳои муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.

Саидхоҷа Акбаров,
сармутахассисиРаёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед