(Чанд андеша дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаълон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлкат, 9 марти соли 2024)
Масъалаи равобити давлат ва дин аз замонҳои қадим то ба имрӯз мавриди омӯзиши донишмандону муҳаққиқон қарор доштааст. Пажуҳишгарони Шарқ ва ҳам Ғарб доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи давлат ва дин асарҳои зиёд мерос гузоштаанд, ки ҳамаи онҳо имрӯз барои таҳқиқи бештари масъалаи мазкур ҳамчун сарчашмаи боэътимод хизмат мекунанд.
Давлатдории аҷдодии миллати тоҷик таърихи бисёрҳазорсола дорад. Тағйирёбии унсурҳои давлатдорӣ аз пешрафти ҷомеа вобастагии амиқ дорад. Давлатдории тоисломии миллати тоҷик таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, марҳалаҳои империявӣ ва суқутро сипарӣ намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” чунин менависанд: “Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ муносибати худро ба дин ва созмонҳои динӣ бо дарназардошти ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ва мудохила накардани онҳо ба фаъолияти якдигар роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд”. Моҳияти принсипи дунявият ва муносибати давлат ба дин дар модаҳои 1,5, 8, 26, 30 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал шарҳ дода шудааст.
Агар ба осори мутафаккирони форсу тоҷик назар андозем, яке аз аввалин андешаманде, ки ба таври бисёр дақиқ масъалаи муносибату ҳамкории давлат ва динро таҳлил намудааст, Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ дар ин маврид қайд кардааст:
Чунон дину давлат ба ҳам андаранд,
Ту гӯйӣ ду дурре зи як гавҳаранд.
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,
На бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой.
Фирдавсии Тӯсӣ пояндагии дину давлатро як чизи зарурӣ шуморида, мавҷуд будани робитаҳои дурусту мутавозини онҳоро кафолати ҳифзу бақои ҳам давлат ва ҳам дину мазҳаб донистааст.
Дар худии худ на давлат мавҷудияти дин ва на дин мавҷудияти давлатро ба таври умумӣ инкор намекунанд, вале будани як консепсияи муносибати давлат ҳифзи оромӣ, субот, амният ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаро таъмин карда метавонад.
Дин ҳиссиёти нозук, ҳассос, муқаддас ва муҳими мардум– шаҳрвандон аст, ки бо риояи урфу одат ва ҷашну ойинҳои фарзию суннатӣ амалӣ мегардад. Давлату Ҳукумат онро ҳамчун арзиши маънавӣ эътироф ва эҳтиром карда, барои рушду инкишофи солиму созандаи он мусоидат менамоянд.
Ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст”.
Дар ин мулоқот қайд карда шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд. Ин нишондиҳанда дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3–3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон 5–5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон қатори ташкилотҳои динии исломӣ 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ озодона фаъолият намуда истодаанд. Ҳамаи ин гувоҳи озод будани фазои фаъолият барои ташкилотҳои динӣ мебошад.
Яке аз масъалаҳои бисёр муҳимме, ки ба муносибати дину давлат ва бо маърифати динии мардум робитаи зич дорад, муносибати қонунгузорӣ нисбати таълими динӣ ва фаъолияти муассисаи таълимии динӣ мебошад. Дар ин робита дар моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” чунин омадааст: «Мутобиқи принсипи ҷудо будани таҳсилоти давлатӣ аз иттиҳодияҳои динӣ таълим дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ хусусияти дунявӣ дошта, дастрас будани намудҳо ва зинаҳои гуногуни таҳсилот, новобаста аз муносибат ба дин, таъмин карда мешавад». Яъне давлат барои ҳамагон ба таври баробар таҳсилоти умумии дорои хусусияти дунявӣ доштаро таъмин месозад ва ҳар нафар новобаста ба эътиқодоти динии худ ба таҳсилоти умумӣ фаро гирифта мешавад. Ҳамчунин, дар идомаи қонун омадааст, ки давлат дар низоми таҳсилоти давлатӣ вазифаи таълим ва тарбияи кӯдаконро аз рӯйи интихоби динӣ ё атеистии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба уҳда намегирад. Яъне таълиму тарбияи кӯдакон вобаста ба эътиқодоти онҳо набуда, балки ба таври умумӣ ва ягона сурат мегирад.
Дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои динии Тоҷикистонро таҳлили амиқ намуда, аз ҷумла чунин фармуданд: “Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст”.
Ҳамзамон, дар асоси ин қонун давлат таълими фанҳои диншиносиро, ки хусусияти иттилоотиву маърифатӣ дошта, бо анҷом додани ибодат ва расму суннатҳои динӣ сурат намегирад, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии давлатӣ дохил карда метавонад. Ин маънии онро дорад, ки давлат бо дарназардошти зарурат ва тақозои замон метавонад ба барномаи таълимии муассисаҳои давлатӣ фанни марбут ба диншиносиро ворид созад. Дар робита ба ин, солҳои охир дар барномаи таълимии мактабҳои олӣ фанни диншиносӣ ворид карда шудааст, ки ин амал бисёр дурбинона ва саривақтӣ мебошад. Зеро имрӯз омӯзиши фанни диншиносӣ барои ҷавонон бисёр муҳим буда, он то андозае дар баланд гардидани маърифати динӣ ва паст шудани тамоюли гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон се модели асосии муносибати давлат ва дин фарқ мекунад:
–Давлати теократӣ ва ё монархияи теократӣ, ки дар он ба дини ягона дар давлат бартарӣ дода мешавад ва арзишҳои дини ҳукмрон асоси идеологияи давлатиро ташкил медиҳанд.
–Давлатҳои атеистӣ асосан дар асри бисти милодӣ вуҷуд доштанд, ки динро ҳамчун падидаи манфӣ ва фиребо арзёбӣ мекунад.
–Давлати дунявӣ, ки дар он озодии виҷдон ва эътиқод эълон мегардад, ки аксари давлатҳои ҷаҳон ин низомро интихоб кардаанд.
Тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад, ки озодии виҷдон ва эътиқодро эълон намуда, дар баробари ин ба арзишҳои суннатии миллат арҷ мегузорад. Давлат ҳамчун ташкилоти сиёсии аҳли ҷомеа озодиро эҳтиром мекунад ва исломи суннатиро дастгирӣ мекунад, инкишоф медиҳад ва дар корҳои тарбиявию ахлоқӣ истифода мебарад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳам зиёдаравию ифрот дар дин ва ҳам тафрити арзишҳои динӣ дар ҷомеа, яъне инкори он, оқибати манфӣ хоҳад дошт ва роҳи оқилонаву муносибати дуруст ин усули давлатдории дунявӣ мебошад, ки натиҷаи рушду инкишофи таърихии тамаддуни инсонӣ буда метавонад таносуби дину дунёро дар тарозуи арзишҳои иҷтимоӣ риоя намояд.
Дар мулоқоти мазкур Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҳсили ғайрирасмии дини дар дохил ва хориҷи мамлакат сухан ронда таҳдиду хатарҳои онро муқарар намуда чунин изҳор намуданд: “Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд”.
Масъалаи аз нигоҳи маърифатӣ дарк кардани арзишҳои динӣ ва суннатҳои он дар давоми таърих асоси таълимоти бузургони миллати тоҷикро ташкил медод. Тамоми донишмандону рӯшанфикрони тоҷик, аз қабили Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубониёнӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва Аҳмад Махдуми Дониш бо роҳи баланд бурдани маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охират даъват менамуданд ва аз он ҳушдор медоданд, ки тақлиди риёкорона ва муносибати зоҳидона ба дин ба нобудии он меорад. Чӣ тавре Ҳофизи Шерозӣ, ки худ ҳофизи Қуръон буд, фармудааст:
Оташи зуҳду риё хирмани дин хоҳад сӯхт,
Ҳофиз ин хирқаи пашмина биандозу бирав.
Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниву маъракаҳои сиёсву фарҳангии хусусияти диниву мазҳабӣ дошта, дар сатҳи давлатӣ гузаронида шуданд. Мисол, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани Қуръони маҷид, таъсиси Маркази исломшиносии дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ тақлил намудани 1310-солагии Имоми Аъзам–Абуҳанифа ибни Нуъмон, сол аз сол зиёд намудани квота ба сафари ҳаҷ барои шаҳрвандон ва ғайра мебошад.
Бояд қайд намуд, ки маҳз дар ин марҳала бо дарназардошти заҳмату талош ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимояи ислом ба рӯйхати 500 мусалмони беҳтарини ҷаҳони ислом ворид карда шуданд. Чӣ тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буданд: “Ҳам давлат ва ҳам аҳкоми дин барои тезтар барҳам додани руҳияи ҷоҳилӣ, ҳаромхӯрӣ, авомфиребӣ, бадахлоқӣ дар ин марҳалаи ҳассос бояд мубориза баранд.”
Муносибати давлат ва дин дар оянда низ бояд дар асоси эҳтиром, муросо, мадоро ва ҳамкории мутақобилаи судманд ба роҳ монда шуда, давлат дар таҳкими арзишҳои комил ва солими динӣ саҳм гирад ва намояндагони дин барои амалишавии ҳадафҳои миллӣ нақшгузор бошанд.
Чораҷӯйиҳо ҷиҳати аз нигоҳи идеологӣ омода намудани мардум ва боло бурдани дараҷаи таҳаммулпазирии динии аҳолӣ дар замони бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо омили асосии таъминкунандаи сулҳу субот ва эътидол дар ҷомеа мебошад. Аз тамоми ниҳодҳои илмиву маърифатӣ ва динӣ, умуман зиёиёни кишвар, талаб карда мешавад, ки барои боло бурдани маърифати аҳолӣ нисбати арзишҳои динӣ чораҷӯйӣ намуда, дар ташаккул додани муносибати таҳаммулгароёна ва солиму ақлгароёнаи ҷомеа нисбат ба арзишҳои динӣ саҳмгузор бошанд.
Тамоми аҳли зиё ва намояндагони дин бояд ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва дараҷаи баланди дарки манфиати миллӣ дошта бошанд, то ин ки ҳангоми тарғиби ғояву арзишҳои динӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузоранд. Масъалаи дарки манфиати миллӣ ва ҳимояи он аз тамоми ҷомеа, хосатан ходимони дин, дониши баланди сиёсиро талаб менамояд. Зеро агар онҳо бо донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ бошанд ва вазъи печидаву мураккаби геополитикии муосирро дарк намоянд, метавонанд аз манфиати миллату давлат ҳамеша пуштибонӣ намоянд ва аз ҳама муҳим ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатхоҳ гирифтор нашаванд.
Гурӯҳҳои манфиатхоҳ тавассути таъсиррасони манфӣ ба шуури омма мақсадҳои ғаразноки худро ноил шудан мехоҳанд (аз қабили шомилсозии аҳолӣ ба гурӯҳҳои ифротиву тундгаро) аз ин хотир, мақомот ва муассисаҳои давлатӣ бояд тавассути васоити ахбори омма андешаи солими иҷтимоиро нисбат ба арзишҳои динӣ ташаккул диҳанд, то ин ки дар муборизаҳои иттилоотӣ бо ин гурӯҳҳо истодагарӣ карда тавононад.
Зубайдулло Давлатов,
сардори Раёсати таъминоти
иттилоотии Маркази тадқиқоти
стратегиии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон