Дар солҳои 90 уми асри ХХ тағйироти куллӣ дар равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию идеологии ҷаҳонӣ ба вуҷуд омаданд. Таҳти таъсири рақобатҳои геополитикӣ ва омилҳои дигар кишвари абарқудрати Шӯравӣ аз байн рафта, кишварҳои ҳайати он, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Баъди ба даст овардани соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон ба буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва идеологӣ мувоҷеҳ шуд. Дар натиҷа рӯз то рӯз буҳрони сиёсӣ амиқ, раванди дохилидавлатӣ мураккаб, печида, ноустувор ва пешгӯинашаванда гардиданд. Чораандешии роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ натиҷаи мусбат намедоданд ва тадбирҳои андешидашуда баръакс, буҳрони сиёсиву иҷтимоиро амиқтар мегардонид. Сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, тавони ҷорӣ намудани тартибот ва хотима додан ба беқонуниятиро надоштанд. Мутаассифона, Тоҷикистон ба гирдоби сиёсати нодуруст афтода, ба гирдоби низоъ ва бесарусомонӣ гирифтор шуд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти онвақта Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин Шуро дар тули сол чанд иҷлосияро баргузор намуд, ки бенатиҷа монданд. Ногуфта намонад, ки Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурихтилофтарин сохтор дар оғози Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Қабул намудани қарору қонунҳо дар Шурои Олӣ кори саҳлу сода набуд, зеро манфиатҳои миллӣ барои баъзе намояндагони мардумӣ моҳият ва муҳтавои худро аз даст дода буданд. Манфиатҳои шахсӣ ва маҳаллӣ дар меҳвар қарор гирифта, нофаҳмӣ ва ихтилоф давра ба давра авҷ мегирифт.
Дар ин замина, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба Тоҷикистон чашм духта, мунтазир буданд, ки миллати тамаддунофари тоҷик аз вартаи ҳалокат ва буҳрони амиқи сиёсӣ чӣ гуна берун меояд? Оё тавони бартараф намудани ихтилоф, берун омадан аз буҳрони сиёсӣ ва пешгирӣ аз парокандашавиро дорад?
Дар он давру замон миллат ба як роҳбари ҷавонмард, фидокор, аз худ гузашта ва ростқавл ниёз дошт, то тавонад мардумро зери як парчам муттаҳид намояд. Орзу ва ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшонад.
Ҳамин тавр, бори дигар зарурати баргузор намудани Иҷлосияи Шурои Олӣ ба миён омад, вале пойтахти кишвар дигар ҷойи амн барои чунин нишаст набуд. Барои ҳамин, Иҷлосияи навбатӣ 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки баъдан Иҷлосияи 16-ум ном гирифт. Дар иҷлосияи мазкур тақдири миллату давлати тоҷикон муайян гардид. Яъне, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ ва саҳифаи навро варақгардон намуд ва дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард, чунки ин иҷлосия пеш аз ҳама, роҳбари нави кишварро муайян кард, ки масъалаи муҳим ва мубрами рӯз буд. Дуюм, фазои нави сиёсӣ ва назми ҷомеаро ба вуҷуд овард.
Дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат баргузида шуд. Роҳбари тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин сухани худро бо калимаи “сулҳ” оғоз намуд: “Ман ба шумо сулҳ меоварам… Мо ҳама бояд ёру бародар бошем”. Чунин ҳарфҳои дар назар аввал сода, вале воқеан пурмазмуну пурмуҳтаво дар фазои ғуборолуди ноумедҳо ба дилҳо умед бахшид ва мардум ба ояндаи дурахшон боварӣ ҳосил намуданд. Замон нишон дод, ки воқеан умеди миллат бароварда гардид ва интихоби мардуми тоҷик дуруст ва саривақтӣ будааст. Қадами дуюми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ дасти мардонагӣ ба сӯйи мухолифин дароз карданаш буд. Президенти кишвар дар як давраи гузариш ва ихтилофҳои байниҳамдигарӣ дасти мардонагӣ, дӯстӣ ва бародарии худро ба хотири сулҳу ваҳдат ва пойдории суботи кишвар дароз намуд, ки дар ниҳоди маънавии ин марди хирад аз вуҷуд доштани фарҳанги сулҳ дарак медиҳад. Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон тамоми неруву ғайрат ва ҳастиашонро барои расидан ба сулҳи пойдор ва ваҳдати комил равона сохтанд ва ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайвастанд, миллату давлатро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ раҳоӣ бахшиданд.
Қобили зикр аст, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мукаммали раҳо ёфтан аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ андешида шуд. Инчунин, дар Иҷлосияи мазкур заминаи асосии давлатсозӣ, аз ҷумла самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муайян гардид, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушода шуд ва робитаҳои судманду ҳасана бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд, инчунин, қонунгузории ҷумҳурӣ устувор ва сохтори конститутсионӣ барқарор гардид. Умуман, дар Иҷлосия 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот ба тасвиб расидааст.
Бояд таъкид кард, ки пайрезии сулҳу ваҳдат ва давлати демокративу дунявӣ аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ сарчашма мегирад. Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари воҳидро эъмор кард ва бидуни шак, худ девору қалъаи мамлакат гардид. Тақдирсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба нуқтаи боло алоқаманд мебошад.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон