Паҳншавии пандемияи COVID-19 бисёре аз фарзияҳои классикии башарро оид ба беҳдошту саломатӣ ва робитаҳои ҷамъиятӣ дигар намуд. Вазъи бӯҳронии бавуҷудомада собит кард, ки як беморӣ то чӣ ҳад метавонад равандҳои ҷаҳониро тағйир диҳад.

Новобаста аз мушкилот ва монеаҳои бавуҷудома, дар чунин давраи аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва санитарию эпидемиологӣ мураккаби ҷаҳонӣ ягона тарзи муносибати ҷамъиятие, ки ба таври муқаррарӣ фаъолияти худро нигоҳ дошт ва қатъшавии иртиботи мустақими дохилидавлатию байналмилалиро пешгирӣ кард, иртиботи электронӣ мебошад. Хонанишинии (самоизоляция) ғайриихтиёрии миллионҳо одамон арзиши хизматрасониҳои электронии давлатӣ – аз гирифтани маълумот то ҳалли масъалаҳои тиҷорӣ ё шахсии бо мақомоти давлатӣ алоқамандро ба таври назаррас боло бурд. Ҳамкориҳои электронӣ ба воситаи муҳимтарини нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, ҳифзи раванди хизматрасонӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ва аз ҳама муҳим, ба омили муборизаи самаранок бар зидди вирус мубаддал шуданд. Аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалӣ сар карда, то ҷаласаҳои дохилиҳукуматӣ ва тарғибу ташвиқи пайдарпайи давлатҳо оид ба пешгирии вирус ба низоми электронӣ гузаштанд. То ҷое ки шакли электронии муносибатҳо шарти ягонаи кам намудани хатари паҳншавии вирус, риояи масофаи иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани назми ҳаррӯзаи иқтисоду иҷтимоъ ва сиёсат шуд. Ҳамин тавр, паҳншавии пандемияи COVID-19 дар тамоми ҷаҳон бори дигар собит кард, ки гузариши ҳар чӣ зудтар ба ҳукумати электронӣ – ҷорӣ намудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ муҳим ва тақдирсоз аст.

Таъсиси порталҳои миллии мубориза бо каронавирус ва тариқи барномаҳои мобилӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ нашри маълумот оид ба COVID-19, таҳияи механизмҳои инноватсионии пешгирӣ аз вабо, дастуру тавсияҳои мунтазам ба аҳолӣ аз тариқи воситаҳои электронӣ ва ғайра, аз ҷумлаи иқдомҳои ҳарррӯзаи Тољикистон ва кишварҳои ҷаҳон буданд, ки тариқи электронӣ анҷом ёфта, ба таври табиӣ амалишавии принсипҳои шаффофият, фаврият, кушода ва дастрас будани фаъолияти институтҳои ҳокимияти давлатиро инъикос намуданд. Ба шаҳрвандон пешниҳод намудани маълумоти дақиқ, муфид ва муҳим дар ин давра аз як раванди маъмулӣ ба манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварҳо мубаддал шуд.

Ин ҷо як нуктаро бояд қайд намуд, ки чун бӯҳрони бавуҷудомада масъалаи эътимоди омма ба неру ва зарфияти ҳокимияти давлатиро аз ҳарвақта беш ҳассос кард, бинобар ин таъмини шаффофият ва фаврияти раванди ҳалли бӯҳрон ҳамчун воситаи қавии ҳифзи эътимоди омма аз худ дарак дод. Ҳолати мазкур ду ҷанбаи муҳимро возеҳ намуд:

Якум, чун анъана ба назар мерасид, ки ҳукумати электронӣ хостаҳои мардум дар назди мақомоти давлатист ва он фақат ба манфиатҳои шаҳрвандон нигаронида шудааст, аммо бӯҳрони бавуҷудомада нишон дод, ки нақши татбиқу истифода аз усулҳои ҳукумати элекронӣ дар идораи босамари равандҳои ҷамъиятӣ барои институтҳои ҳокимияти давлатӣ низ кам нест ва бамаротиб бештар аст.

Агар дар ҳолатҳои равандҳои мӯътадили ҷамъиятӣ барои пешгирӣ аз сар задани бӯҳрони эҳтимолӣ идораи шуури сиёсии мардум муҳимтар бошад, пас дар вазъияти бӯҳронӣ – ҳалли бӯҳрон шарти асосии идораи шуури сиёсии омма, ё ташаккул додани нигоҳи мусбати шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ ба шумор меравад. Шакли электронии идораи вазъият, ташаббусҳои рақамӣ дар кишварҳои ҷаҳон низ нишон доданд, ки ин дастовардҳои муосир метавонанд ҳамчун воситаи муфид барои кор бо гурӯҳҳои осебпазир дар Интернет, ҳимояи дастаҷамъонаи ғояҳои сиёсӣ, ҳалли мушкилоти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ кӯмак намуда, бурузи эҳтимолии ҳар гуна бӯҳронҳои иҷтимоиро пешгирӣ намоянд.

Дуюм, вазъи бавуҷудомадаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳукумати электронӣ на фақат барномаи модернизатсия ва ислоҳоти сифатӣ дар низоми идораи давлат аст, балки омили ҳифзи суботу тартибот, сафарбарнамоии оммавӣ ва ҳифзи низоми хизматрасонию истеҳсолот дар шароити бӯҳронӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, онро як барномаи комили зиддибӯҳронӣ низ номидан мумкин мебошад.

То ба имрӯз, далелҳои асосии тақвият бахшидани рушди хадамоти электронии давлатӣ асосан идораи бемамоният, босуръат, самаранок ва шаффоф шуморида мешуд, ки вақт ва харҷи зиёдро сарфа мекунанд. Пандемияи кунунии коронавирус боз як далели дигарро ба он зам намуд: ҳукумати электронӣ ва хадамоти электронӣ метавонанд саломатии инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама, ҳаёти онҳоро наҷот диҳанд.

Тавре дар оғоз қайд намуда будем, вирус фаҳмишҳои классикиро оид ба падидаҳои ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ хеле дигаргун кард, аз ҷумла ифодаи абарқудрат буданро дар мисоли кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон тағйир дод. Нишон дод, ки абарқудрат будани давлат, як фаҳмиши сиёсист ва универсал будани он дар чораҷӯии тамоми масоили байналмилалӣ нест. “Тартиботи ҷаҳонӣ, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ таҳти нуфузи Иёлоти Муттаҳида сохта шуда буд, дигар ба воқеияти муосир ва тавозуни имрӯзаи қувваҳо дар арсаи байналмилалӣ мувофиқат намекунад” – менависад маҷаллаи фаронсавии Le Monde.

Иттиҳоди Аврупо низ бовуҷуди иттиҳодияи неруманди иқтисодӣ ва сиёсӣ буданаш, дар ростои вазъияти мураккаб қарор гирифт. Тобоварии ин системаи бузург, аз ҳама асосиаш, ҳамбастагӣ миёни давлатҳои узв низ зери суол рафт. Эгоизми давлатҳо ва бастани сарҳадот ду рукни Иттиҳоди Аврупо: минтақаи Шенген ва бозори ягонаро зери хатар гузошт. Ихтилофот низ дар мавриди бархӯрдорӣ аз кӯмакҳо ва дастрасӣ ба ёриҳои тиббӣ муҳити муносибатҳои сиёсии кишварҳои дохили иттиҳодро низ халадор сохтанд.

Ҳарчанд вирус заъфи нерумандии бахше аз давлатҳои абарқудратро нишон дод, вале дар ин миён кишварҳое низ буданд, ки дар мубориаз бо он хеле муваффақ шуданд.

Дар ин радиф зикри Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии мардумии Чин, “палангони Осиёи шарқӣ”, аз он ҷумла Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур лозим ба зикр мебошанд. Инҳо кишварҳое ба шумор мераванд, ки дорои собиқаи зиёди истифодаи дастовардҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот ва иртиботот мебошанд ва калиди яке аз муваффақиятҳои ин кишварҳо дар ростои мубориза бо вирус рушди унсурҳои ҳукумати электронӣ шуморида мешавад.

Дар мавриди Чин андешае бисёр роиҷ аст, ки кишвар маҳз тариқи карантини сахт тавонист пеши роҳи паҳншавии вирусро гирад, вале нуктаи марказӣ ин аст, ки новобаста аз сатҳи паҳншавии вирус карантини сахтро на ҳар кишвар амалӣ карда метавонад. Агар дар Чин сатҳи хизматрасониҳои электронӣ, фаъолияти фосилавии онлайнӣ дар сатҳи зарурӣ қарор намедошт, давлат ба худ имкон намедод, ки қотеъона ба чунин сатҳи сахти карантини даст занад. Туфайли ҳамин омил, бо вуҷуди теъдоди зиёди аҳолӣ ва аввалин кишвари мубталои вирус буданаш, Чин тавонист, ки шумораи мубталоёнро бо таносуби 5.85 нафар ба ҳар сари 100 ҳазор аҳолӣ маҳдуд кунад.

Дар доираи иқдомҳои зиддибӯҳронӣ ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Чин хизматрасонии «QR-код»-и тиббӣ ё коди саломатиро ҷорӣ намуданд, ки вазъи саломатии шаҳрвандонро назорат мекунад ва онҳоро сари вақт раҳнамоӣ менамояд.

Ҳукумат бо дастгирии ширкатҳои бузурги технологӣ Alibaba Group Holding Ltd ва Tencent Holdings Ltd як барномаеро ба кор даровард, ки шаҳрвандонро барои муайянннамоии сирояти коронавирус пайгирӣ мекунад. Шаҳрвандон бояд варақаи онлайнро бо рақами мушаххаси худ, маълумот дар бораи хатсайр ва ҳама гуна аломатҳои вирус, аз ҷумла сулфа ва табларза пур кунанд. Пас аз пур кардани саволнома, истифодабарандагон дар телефонҳои мобилии худ рамзи QR –ро бо нишон додани вазъи саломатии худ дар шкали се ранг пайдо мекунанд.

Корбароне, ки коди сурх доранд, вазифадоранд, ки дар давоми 11 рӯз дар карантин қарор дошта, тариқи сӯҳбати барномавӣ мунтазам тафтиш карда шаванд. Ба онҳое, ки рамзи зард дода шудааст, бояд 7 рӯз дар хона бимонанд ва корбароне, ки рамзи сабз доранд, метавонанд озодона сафар кунанд.

Дар Кореяи Ҷанубӣ занҷираи шаҳрвандоне, ки бо сироятшудагон дар тамос буданд, ба таври муфассал назорат карда мешавад. Ин системаи назорат тақрибан ба силсилафилмҳои детективӣ шабоҳат дорад. Барои пайгирӣ ва тафтиши одамоне, ки эҳтимол бо шахси сироятшуда ба наздикӣ дар тамос буданд, маълумотро аз тариқи телефонҳои мобилӣ дар бораи макони ҷойгиршавӣ, сабтҳои амалиёти корти кредитӣ ва сабти камераҳои назоратӣ истифода мебаранд. Харитаҳои муфассал нашр карда мешаванд, ки ҳаракатҳои шахсони сироятшударо нишон медиҳанд ва онҳое, ки бо шахси сироятшуда дар тамос буданд, барои озмоиш ташвиқ мегарданд. Ҳамин усул, сабаб шуд, ки шумораи рекордии сироятёфтагон ва фавтидагон дар кишвар коҳиш дода шавад.

Бояд зикр намуд, ки Кореяи Ҷанубӣ аз лиҳози шумораи беморон муддати зиёд дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор дошт, аммо то ин замон суръати паҳншавии вирус он қадар паст карда шуд, ки имрӯз дар Кореяи Ҷанубӣ сатҳи гирифторшавӣ ба 100 ҳазор нафар то 20,7 ҳолат рост меояд. Дар пойтахти он шаҳри Сеул ба 100 ҳазор нафар 0,6 ҳолат рост меояд.

Сингапур яке аз аввалин кишварҳое ба шумор меравад, ки баробари бавуҷудоии бӯҳрони кунунии тандурустӣ технологияи «пайгирии робита»-ро миёни сироятёфтагон тариқи барномаи TraceTogether татбиқ кард. Барномаҳои пайгирии робита ё тамос якҷоя бо bluetooth-и телефони мобилии шахс барои ҳифз ва махфӣ нигоҳ доштани маълумоти корбароне, истифода мешаванд, ки эҳтимоли робита ва наздикии шахс бо онҳо мавҷуд будааст. Яъне ин барнома дар телефонҳои ҳамроҳ насп шуда, ба шахс имкон медиҳад, ки маълумот (ному насабу суроға)-и ҳамаи он нафароне, ки бо онҳо робита доштааст, ҳатто аз канорашон гузаштааст, дар телефонаш ҳифз шаванд. Дар сурати мусбат баромадани натиҷаи ташхиси яке аз онҳо, дарҳол ба ӯ паёмак меояд, ки ё аз озмоиш гузарад ва ё ба дар хона нишинад. Чунин барномаҳои инноватсионӣ аз ҷониби бисёр ширкатҳои хусусӣ таҳия шуда, кӯшишҳои ҳукумати Сингапурро дар самти пешгирӣ аз сироятёбӣ дастгирӣ мекунанд. Албатта баъзе нигарониҳо низ атрофи ин барнома ба вуҷуд омаданд ва истеҳсолкунандагон паҳнкунии васеи барномаи мазкурро аз сабаби зиёд сарфа шудани батареяи телефон ё баъзан бо далели дахлнопазирии маълумоти шахсӣ маҳдуд карданӣ шуданд. Аммо дар маҷмӯъ барои марҳилаи муайяни вазъ чунин иқдом самараи хуб дод.

Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар ИМА, Италия, ки шумораи зиёди беморон ба қайд гирифта шуданд ва талабот ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ бесобиқа афзуд, табибон маҷбур шуданд, ба қароре оянд, ки киро наҷот диҳанд ва киро не? Зери ифодаи тағйирёбии арзишҳо, аз ҷумла ҳамин ҳолатро низ дар назар доштан мумкин аст. Яъне зери таъсири бӯҳрон дар ҷомеае, ки ҳуқуқи шахс меъёри ҳама чиз аст, маргу наҷоти ӯ хосияти интихобӣ пайдо намуд. Дар чунин вазъият ҳам самаранокии шабакаи мутамаркази тандурустӣ ва омодагии шӯъбаҳои беморхонаҳо барои қабули мизоҷон тасдиқи худро пайдо намуд.

Хусусан, мавҷудияти системаи онлайнии мутамарказ яке аз муваффақиятҳои Ҷумҳурии Олмон шинохта мешавад, ки имкон дод кишвар идораи пандемияро дар тафовут бо Италия ва Испания нисбатан оромона ба роҳ бимонад. Дар Олмон ҳар як дастгоҳи нафаскашии сунъӣ (хоҳ дар беморхонаҳо ва хоҳ дар марказҳои хусусӣ) дар системаи ягонаи иттилоотӣ мутамарказ мебошанд. Дар шароити бӯҳронӣ, ҳамаи дастгоҳҳо ба ихтиёри давлат гузаронида мешавад. Масалан, агар бемореро ёрии таъҷилӣ зарур шавад, фелдшер тавассути раҳнамои ягона мебинад, ки чӣ хел зудтар ӯро ба дасгоҳи нафаскашии сунъӣ расонидан мумкин аст.

Олмон бо вуҷуди шумораи зиёди сироятёфтагон дар муқоиса бо дигар кишварҳо сатҳи камтарини фавтро нигоҳ медорад ва дар рейтинги кишварҳое, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолона амал мекунанд, ҷойи дуюмро ишғол намудааст.

Дар баъзе давлатҳо афзоиши якбораи истифодабарандагон боиси мушкилот дар низоми хизматрасониҳои электронӣ низ гардиданд. Масалан, аз сабаби хатари паҳншавии сирояти коронавирус дар Қазоқистон, аз 16 марти соли 2020 вазъияти фавқулодда ҷорӣ карда шуд ва ягона роҳи ба даст овардани хизматрасониҳои давлатӣ дар ин давра портали ҳукумати электронӣ буд, ки 80%-и тамоми хадамоти давлатиро дар Интернет фароҳам овард. Аммо дар ҷараёни истифодаи оммавии он маълум шуд, ки сервер қодир нест, ки бо чунин миқдори зиёди ташрифот тоб орад. Агар дар рӯзҳои муқаррарӣ дар портал 600 нафар дар як соат ва 5 миллион дар як рӯз пайваст мешуданд, пас дар давраи ҳолати фавқулодда ин рақам ба 15 миллион нафар дар як соат ва 102 миллион дар як рӯз баробар шуд. Портал барои чунин истифодаи васеи шаҳрвандон омода набуд ва ноком шуд.

Дар мисоли Тоҷикистон ҳамин нуктаро бояд зикр намуд, ки сироятёбии аҳолӣ нисбатан сабук сурат гирифт, ки заруратро барои ҷорӣ намудани карантини сахт дар кишвар аз байн бурд. Бо вуҷуди ин, афзалияти истифодабарӣ аз имконоти ҳукумати электронӣ афзуд.

Дар давраи инзивоӣ як қисми аҳолии фаъол шаклҳои нави тиҷоратро, аз ҷумла шаклҳои нави хизматрасонӣ тавассути хизматрасонии фосилавӣ, рушди самтҳои нави тиҷорати ватанӣ ва масирҳои таҳвилу дастраскунии маҳсулоти истеҳсолшударо ривоҷ бахшиданд, ки дар чунин ҳолат самаранок арзёбӣ мегарданд.

Хусусан, хизматрасониҳои бидуни робита тадриҷан рӯ ба рушд гузошта, истифодаи кортҳои пластикӣ ва ҳамёнҳои электронӣ васеъ гардид. Имкониятҳои технологияҳои муосири рақамӣ барои гирифтани таълимот дар реҷаи мустақим (онлайн), таҳсили фосилавӣ, курсҳо ва тренингҳо, ки баробар ба таълимгирии муқаррарӣ мебошад, тавсеа пайдо намуда, шумораи машваратҳои тариқи реҷаи мустақим, фурӯши либос, маҳсулот ва дигар молҳо афзоиш ёфтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Вазорати молия яке аз мақомоти ваколатдор дар соҳаи рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ мебошад. Пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон нақш ва зарурати тақвияти соҳаи хизматрасониҳои электрониро боло бурд. Аз ин хотир дар назди Вазорат таъсис додани Маркази идоракунии лоиҳаҳои ҳукумати электронӣ ва Маркази омӯзиши иқтисоди рақамӣ, барои таъмин намудани муносибати ягонаи технологӣ ба рушди ҳукумати электронӣ ва арзёбии таъсири равандҳои рақамисозӣ ба бахшҳои истеҳсолӣ ва иқтисодӣ, инчунин ташаккули асосҳои консептуалӣ ва методологии он лозим мебошад.

Тибқи як тадқиқоти Ecorys UK Ltd, ба туфайли рақамисозии иқтисодиёт дар ду соли оянда, яъне соли 2022 22 фоизи ҷойҳои нави корӣ дар иқтисоди ҷаҳон ба туфайли «касбҳои рақамӣ» таъсис дода мешаванд ва технологияҳои интернетӣ имкон медиҳанд, ки ҷойҳои кории нав ба вуҷуд оянд.

Андешае мавҷуд аст, ки технологизатсия омили ихтисори қувваи меҳнат ва авҷи бекорӣ дар кишварҳо мешавад. Аммо муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки набояд аз “нобудшавии” бисёре аз касбҳои маъмулӣ тарсид. Дар ҳақиқат, тибқи ҳисоботи The Future of Jobs Reports 2018, то соли 2022 75 миллион ҷойҳои ҷории корӣ зимни тақсимоти онҳо дар байни одамон ва мошинҳо аз байн мераванд, аммо боз 133 миллион ҷойҳои нави корӣ низ таъсис меёбанд. Яъне, бо вуҷуди дигаргуниҳои назаррас, дурнамои шуғли аҳолии сайёра дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ мегардад ва талабот ба қобилияти баланди инсонӣ боқӣ хоҳад монд. Роботҳо бошанд, мавқеъ ва ҷойи олимон, муҳандисон, ҳунармандон, роҳбарон, муаллимон ва кормандони иҷтимоиро танг карда наметавонанд.

Ҳамин тавр, ташаккули ҳукумати электронӣ ва назорати иҷрои ҷиддии он меъёри давлати тараққикарда дар замони муосир маҳсуб меёбад. Овардани мисолҳо ва таҷрибаҳои давлатҳои болозикр ба он мақсад аст, ки қудратмандии ояндаи давлат маҳз ба унсурҳои технологии он вобаста мебошанд. Он метавонад беистисно тамоми соҳаҳои давлатро, ҳарбӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ ва амнияти кишварро ҳифз кунад.

Пандемияи COVID-19 ҳукуматҳо ва ҷомеаҳоро водор намуд, ки барои дар кӯтоҳмуддат вокуниш намудан ба бӯҳрон, дар миёнамуддат рафъи пайомадҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дар дурнамои дарозмуддат аз нав дида баромадани сиёсатҳову механизмҳои идорӣ ба технологияи электронӣ бештар руҷӯъ намоянд.

Нишон додани нақши дастовардҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар самти пешгирии вирус маънои онро надорад, ки ба омили технологӣ хусусияти мутлақ дода мешавад. Балки дар баробари он кишварҳо имкониятҳо ва механизмҳои зиёди дигарро ба кор бурданд, ки дар якҷоягӣ натиҷаи лозимиро ба бор овард.

Хизматрасониҳои электронӣ дар давлатҳои пешқадам падидаи нав набуда, ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти ҳаррӯзаи сокинон ва институтҳои давлатӣ ба шумор мераванд. Дар шароити пандемия бошад, фақат аз лиҳози шумора ва миқёс зарурат ба он афзоиш ёфт.

Дар кишварҳои рӯ ба инкишоф бошад, пандемияро метавон дарс, ва муҳаррики тақвият додани ҳукумати электронӣ тавсиф кард. Зеро он на дар ҳама кишварҳо рушди қаноатбахшро доро аст ва фақат қисмати ками муомилоту муносибот аз ин тариқ ба роҳ монда мешаванд.

Ба назари мо равандҳои инноватсионие, ки дар ҳошияи вабои нав ба вуҷуд омаданд, бо хатми бӯҳрон қатъ нахоҳанд гашт ва баръакс босуръат идома пайдо хоҳад намуд. Тақвияти системаи электронии фаъолият боиси ташаккули «маорифи электронӣ», «тибби электронӣ», “тиҷорати электронӣ”, ба ҷузъи барномаҳои модернизатсияи давлатҳо ворид хоҳанд шуд. Муҳим он аст, ки ин механизм ба воситаи таъсирбахши таъмини ҳамкории ҷомеа ва давлат, ҷалби шаҳрвандон ва институтҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти аҳолӣ равона гардад.

Новобаста аз он ки СУТ ва дигар кишварҳои ҷаҳон карантинро ҳамчун чораи  пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус тавсия ва эълон намуда буданд, баъдан таҷриба нишон дод, ки карантин зарфияти ба пуррагӣ манъ намудани паҳншавии коронавирусро надошта, танҳо имкони коҳиш додани онро дорад. Мувофиқи таҷрибаи байналмилалӣ пайгирии раќамии беморон, муайянсозї ва ба карантин раовна намудани шахсони бемор аз љмулаи тадбирҳои муосир ва мањим ба шумор меравад.

Љорї намудани карантини мањин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  батадриљ нишон дод, ки иќдоми мазкур дар самти коњиш додани хатарҳо ва пайомадҳои эҳтимолии коронавирус (на танҳо паҳншавии беморӣ, балки  оқибатҳои иқтисодии он) мантиќї ва ба мақсад муносиб мебошад.

Абдуҷабборов Маъруф-муовини сардори Раёсат

Чоп кунед