Истиқлоли сиёсӣ яке аз арзишҳои олие ба шумор меравад, ки ҳифз ва таҳкими он аз ба даст оварданаш душвортар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва миллати тоҷик сарнавишт ва тақдири минбаъдаи худро ба даст гирифта, баҳри бунёди давлати миллии худ қадамҳои устувор гузоштанро оғоз намуд. Новобаста аз он, ки дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ давлат ба мушкилоти дохилӣ рӯ ба рӯ гардид, дар назди Ҳукумати мамлкат масъалаи таҳкими истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ ҳадафи авлавиятнок ба шумор мерафт. Зеро яке аз принсипҳои асосии ба дастовардани Истиқлол ин аст, ки давлат бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи умумиро соҳиб гардад ва истиқлолияти худро машруият бахшад. Фаромӯш набояд кард, ки дар сиёсати байналмилалӣ эътироф гардидани истиқлолияти як давлат аз ҷониби давлатҳои дигар рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Яъне танҳо бо эълони Истиқлол наметавон, ки пояҳои онро таҳким бахшид. Аз ҳамин хотир, амалӣ гардонидани маҷмуи чорабиниҳо дар самти таҳкими истиқлоли давлатӣ муҳим арзёбӣ карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҷиҳати таҳким ва тақвияти истиқлоли давлатӣ бо давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳо ба роҳ монад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар қонунгузории худ ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи умумибашариро ҷой дода, дар заминаи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои умумиинсонӣ рушд карда истодааст. Бо дарназардошти чунин воқеият кишвари мо ба хотири таҳкими ҷомеаи демократӣ, озод, ҳуқуқбунёд ва рушдкарда бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат буд, ки имрӯз истиқлоли кишвари моро беш аз 192 давлати ҷаҳон эътироф намуда, Тоҷикистон бо беш аз 181 давлат робитаҳои дипломатиро барқарор намудааст. Дар баробари ин, бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ Истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро эътироф намудаанд ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳо мебошад. Ҳоло Тоҷикистон узви 57 минтақавию байналмилалӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, барои тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои таркибии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ шароит фароҳам орад. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар самҳои гуногун ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷумла, дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, мушкилоти вобаста ба обу иқлим, таъмини рушди устувор ва ғайра давлати мо бо СММ ҳамкории фаъолро ба роҳ мондааст.
Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, ки робита бо чунин созмонҳо дар таҳким ва рушди истиқлоли давлатӣ нақши муаассир гузошт. Илова бар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар созмону ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун роҳандозӣ намудааст.
Албатта, барқарории робита ва ҳамкорӣ бо созмонҳои гуногуни минтақавиюу байналмилалӣ дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳим гузошт. Кишвари мо дар ҳошияи робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои иқтисодиро низ ба роҳ мондааст. Маҳз натиҷаи сиёсати санҷидашуда, воқеӣ ва амалии Президенти кишвар аст, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо созмонҳои молиявию иқтисодии ҷаҳон, аз қабили сохторҳои алоҳидаи СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд ба роҳ мондааст. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон пайгирии сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз, шаффоф зимни заминаи рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дуру наздик ба вуҷуд оварда, асоси тақвияти робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайн дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш диҳад. Дар баробари ин, Тоҷикистон узви Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки тавсеаи ҳамкорӣ бо ин бахш ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилот ва муаммоҳои гуногуни ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ин воқеияти бебаҳс аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷоҳон эътироф шудааст. Масалан, Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд. Айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ гардида истодааст, ки далели гуфтаҳои болост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 31 соли соҳибистиқлолӣ 4 ташаббуси ҷаҳониро дар соҳаи об пешниҳод намуд, ки аз ҷониби СММ ва дигар давлатҳо эътирофи умумро пайдо намуд. Аз ҷумлаи соли 2003-ро эълон намудани “Соли оби тоза”, эълон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, эълон намудани соли 2013-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ташббуси чорум, ки дар боло зикр гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон имиҷи сиёсии баландро соҳиб гардид.
Дар бароабри чор ташаббуси ҷаҳонӣ, ҳамзамон ташаббусҳои нави кишвар дар масъалаи ҳифзи прияхҳо алакай ба барои баррасӣ пешниҳод гардидааст. Вобаста ба ин дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 чунин иброз гардид: “…кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст”.
Мавриди ба зикр аст, ки соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, номзадии Тоҷикистонро барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ пешниҳод намуданд. Вобаста ба ин дар суханронии Роҳабри давлат чунин таъкид гардид: “Ба мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи аҳдофу вазифаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, мубодилаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар ҷодаи муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ ва барқарор кардани сулҳу суботи комил аз тариқи музокирот мо тасмим гирифтем, ки номзадии кишвари худро барои касби узвияти ғайридоимӣ дар ин Шӯро барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоем”. Албатта, ин аз ташаббускории Пешвои миллат ва рӯз то рӯз тақвият ёфтани имиҷи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Албатта, сиёсати санҷидашуда, созанда ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат доир ба ҳалли мушкилоти обу экология ва дигар ташаббусҳои байналмилалӣ, ки дар заминаи сиёсати “дарҳои кушода” сурат гирифтанд, имкон фароҳам овард, ки ҷаҳониён миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар, сулҳпарвар, бунёдкор, инсонпарвар ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, рушдкарда ва устувор эътироф намоянд.
Алиназар Ашуров,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон