Рӯзи 1-уми марти соли 2020 мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ якдилона ширкат варзида, вакилони арзандаи худро интихоб мекунанд. Дар остонаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар фазои орому осоиштаи кишвар таблиғоти интихоботӣ авҷ гирифта истодааст. Ҳафт ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 150 номзади ҳизбҳо ва мустақил барномаҳои пешазинтихоботии худашонро барои шаҳрвандон пешниҳод карда, барои ба даст овардани овозҳои онҳо муборизаи шадид бурда истодаанд.
Аммо дар ин рӯзҳо як теъдод шахсони кинадору аламдор, ки оромию осудагии Тоҷикистони азиз барои онҳо тамоман бегона аст, бо ҳар роҳ кӯшиш карда истодаанд, ки фазои интихоботи мардуми Тоҷикистонро безобита кунанд. Онҳо бисёр дур пинҳон шудаанд ва аз дасташон ягон чиз намеояд, лекин бо навиштани маводҳои иғвоангез дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ё бо пахш кардани изҳороти бешармона дар бораи интихоботи парлумонии Тоҷикистон мехоҳанд ин фазои беғуборро доғдор кунанд.
Ин амали зиддимиллӣ махсусан, аз тарафи боқимондаҳои ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ТЭТ ҲНИ), ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24», ташкилоти эктремистию террористии ба ном «Паймони миллӣ» (номи нави ТЭТ ҲНИ) ва баъзе шахсони алоҳидаи ғаразноки мухолиф бо давлату миллати тоҷик амалӣ мешавад. Ин вақтҳо махсусан яке аз ҷоҳилтарин мубаллиғони ТЭТ ҲНИ дар шабакаи интернет Муҳаммадиқболи Садриддин бо нашр кардани маводҳои иғвоангез мехоҳад ба фазои интихобот зарба занад. Аз ҷумла, ин душмани тоҷику Тоҷикистон дар маводи иғвогаронаи худ бо унвони “Интихоботи парлумонии 2020, ё мотами миллӣ?”, ки 20.02.2020 дар сомонаи интернетии ТЭТ ҲНИ бо номи “Ислоҳ.нет” чоп шудааст, воқеияти интихоботро сад дарсад таҳриф карда, мехоҳад ҷомеаро ба гумроҳӣ барад.
ӯ менависад, ки ҳоло ба интихобот як ҳафта мондаасту гӯё дар Тоҷикистон ягон маъракаи интихоботӣ нарафта истодааст ва мардум дар он иштирок надоранд. Гӯё иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дурӯғ бошаду одамон ба овоздиҳӣ бовар надошта бошанд. Дар бораи ин дурӯғҳои ӯ бояд гӯем: аввалан, ки ин одам дар ким-кадом кишвар нишаста, чӣ медонад, ки дар Тоҷикистон чӣ гузашта истодааст? Дуюм, модоме, ки ин ватанро партофта рафтасту хизмати хоҷагони хориҷиро интихоб кардаст, дигар ба интихоботи Тоҷикистон чӣ коре дорад?
Аммо барои исботи ин дурӯғ, ҳамчун як сокини шаҳри Душанбе бо тамоми қатъият мегӯям, ки ин суханони Муҳаммадиқболи Садриддин дар бораи фазои интихоботии Тоҷикистон дурӯғи маҳз аст! Ин муллои наҳзатӣ наход имонашро пурра фурӯхта бошад, ки рӯирост дурӯғ мегӯяд? Барои он, ки боз онҳо маро ягон муаллифи сохтаю мустаор ё фейк гумон накунанд, ман чанд сухан дар бораи маҳаллаи худамон мегӯям. Банда дар маҳаллаи Зарафшон–2 зиндагонӣ мекунам. Тамоми кучаҳо ва дари подъездҳои хонаҳои мо (№29,30,31,45) пур аз сурати номзадҳои интихобот шудааст, аз ҳама зиёд аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Дар бозорчаи пеши хонаамон, дар сутунҳо дигар ҷойи таблиғотзанӣ ва коғазчаспонӣ нест. Қариб ҳар рӯз дар маҳаллаамон ин ё он ҳизб вохӯрӣ мегузаронад. Раиси маҳалла, ки яке аз ҳофизони машҳури калонсол мебошанд, ҳар рӯз мардумро даъват мекунанд, ки номзадҳо омадаанд, ҷамъ шавед. Масалан, ҳафтаи гузашта худам дар вохӯрӣ бо вакилон дар мактаби №95 иштирок кардам. Занони маҳалла ин қадар номзадҳоро саволборон карданд, ки қариб то се соат тӯл кашид. Дар вохӯрӣ дар Дармонгоҳи №14 низ ҳамин хел ҳолат буд. Пас, чи хел ин наҳзатӣ мегӯяд, ки ягон кас парвои интихобот надорад, ягон кас иштирок намекунад? Ҳамон ягон кас кӣ аст? Мардуми Тоҷикистон фаъолона иштирок дорад, ҳама ҷо рӯҳияи интихоботӣ дорад. Аз рӯйи инсоф, шумо чиро дар назар доред?
Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин бо алам менависад, ки “ҳоюҳуе, шавқу шӯре, дағдағае нест!” Яъне мехоҳад, ки ҳамаи халқ мисли наҳзатиҳо дод зананд, фарёд зананд, ҳоюҳуй кунанд, ба ҳамдигар дарафтанд? Ин аст тасаввури одами ифротӣ дар бораи интихобот. Аммо дар ҷомеаи бомаданият шарт нест, ки одамон доду фарёду “ҳоюҳуй” кунанд. Мардум номзадҳоро гӯш мекунад, барномаҳояшонро мехонад, мавқеашро рӯзи интихобот муайян мекунад. Шояд ин сатҳи маърифат барои наҳзатиён бегона бошад.
Бояд ошкоро гӯем, ки сабаби асосии нисбати интихоботҳои Тоҷикистон ин қадар бадгӯйӣ ва бадбинӣ кардани боқимондаҳои ТЭТ ҲНИ дар он аст, ки онҳо дар ин масъала дар дилҳояшон аламҳои зиёд доранд. Онҳо ба интихоботи парлумонии соли 2015 умедҳои калон баста буданд, аммо халқи Тоҷикистон дар он интихобот ба наҳзатиён “Не!”-и қатъии худро гуфт. Ин шикасти барояшон фоҷеавӣ дар дили наҳзатиён захми чуқурро гузошт, ки онро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Бинобар ин, онҳо нисбат ба интихобот нафрат ва алами калон доранд. Дар чунин рӯҳияи баланд гузаштани интихоботи Тоҷикистон барои онҳо дарднок аст. Онҳо дида наметавонанд, ки бе онҳо ҳам интихобот мешавад, номзадию овоздиҳӣ мешавад, ҳаёт идома дорад. Маҳз бо ҳамин сабаб, онҳо тамоми кӯшишашонро карданд, ки интихоботро “кару гунг” нишон диҳанд ва фазои интихоботиро халалдор созанд.
Рӯзҳои охир дигар шудани мавзӯи таблиғоти онҳо нишон медиҳад, ки наҳзатиҳо эътироф кардаанд, ки таблиғоти онҳо таъсир накард, шаҳрвандон якдилона ба интихобот мераванд. Аввал онҳо таблиғ карданд, ки гӯё ба ғайр аз намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин интихобот касе номзад намешавад. Баъдан ба сиёҳкунии номзадҳо сар карданд. Гӯё яке “мансабдори собиқ” бошаду дигараш “сармоядор” бошаду дигараш “аз оилаи бообурӯ” бошаду ғайра ва ғайра. Аммо, онҳо инро дарк намекунанд, ки дар интихобот ҳар касе ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ иштирок мекунад, чӣ дорою чӣ нодор ва чӣ собиқадору чӣ навкор.
Аз ҳамин сабабҳо онҳо якбора чап тоб хӯрда, изҳорот доданд, ки шаҳрвандон дар интихобот иштирок карда, ба тарафи Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон овоз диҳанд. Ин корашон пурра шикаст хӯрдани сиёсати наҳзатиҳо барои беэътибор донистани интихоботи парламентиро нишон медиҳад, аммо мавқеи нави онҳо ба ягон ақли солим рост намеояд. Зеро изҳороту тарафдории ин гурӯҳҳо пурра ба зарари ҲСДТ шудааст. Бинобар ин, роҳбарияти ҲСДТ маҷбур шуд, ки бо радиои “Озодӣ” баромад карда, безор будани худашро аз тарафдории ин гурӯҳҳо эълон кунад, чунки онҳо медонанд, ки тарафдории онҳо ба ин ҳизб зарбаи сахт мезанад.
Хулоса, наҳзатиён ва бадхоҳони дигари халқи тоҷик ба раванди интихоботи парламентӣ ягон таъсир расонида натавонистанд, аммо наҳсии дастгирии ин гурӯҳҳои террористӣ ба ҲСДТ ва номзадҳои он расида, обрӯйи онҳоро дар назди ҷомеа ва интихобкунандагон рехт.
Икромиддин Неъматов,
номзади илмҳои таърих