Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, ҳастии зиндагӣ, пайвандгари наслҳо, ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо аст. Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо ба оғози фасли баҳор, бедоршавии табиати биҳиштосо ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, тавъам омадани он пайғоми нек мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарифи  тоҷик ва умуман ҷомеаи ҷаҳон ба ин ситораи дурахшон ва ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Аз ин ҷост, ки айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои неки зиндагӣ аз  меҳру муҳаббат  ва файзу сафои модарон манша мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз таҷассуми бузургиву матонати модарону бонувон буда,  ва ҷойгоҳи онҳо дар  ташфиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои давлатӣ назаррас арзёбӣ гардид.

Таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани ҷойгоҳи зан–модар ва ба ин васила эҳтиром гузоштан нисбат ба онҳо ҷиҳати ба қуллаҳои мурод расидани ҳар як шахс гувоҳӣ медиҳад. Аз ин ҷост, ки ҷашни бонувон бо “Рӯзи модар” номгузорӣ шуд, то ки эҳтироми эътимод ва арҷгузорӣ нисбат ба бузургиву зебоӣ ва олиҳимматии модарони поксиришту поктинат зиёд гардад.

Арзишҳои таърихӣ ба худ як сабабу омилҳои бунёдие доранд, ки маҳз бо корнома ва қаҳрамониҳои гуруҳҳои алоҳида рӯи саҳифаҳои таърих меоянд ва барои наслҳои оянда ҳамчун мерос боқӣ мемонанд. Аз  ин рӯ, рузи байналхалқии занон низ пайдоиш, таърих ва сабабу воқеиятҳои худро дошта, дар аввал ҳамчун рӯзи мубориза ба муқобили беҳуқуқии занон ном дошт. Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА 8-уми марти соли 1857 коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, баробар кардани ҳаҷми маоши онҳо баробари мардон ва беҳтар кардани шароити меҳнат гирдиҳамоӣ карданд, зеро соати кории онҳо дар як шабонарӯз то 16 соат ва бо музди ночиз баробар буд. Агар дар он давра иттифоқҳои касаба фаъолият дошта бошанд ҳам, вале узвияти занон дар он пазируфта намешуд. Пас аз эътирозҳои занон, аниқтараш 8-уми марти соли 1857 иттифоқи касабаи нав бо узвияти занон таъсис гардид, ки гуруҳҳои зиёди занон бо роҳбарии Клара Сеткин дар кӯчаҳои ИМА намоишҳои эътирозӣ доир карда, хостори соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро пайдо карданд. Гуруҳи инқилобии занон бо роҳбарии Клара Сеткин ба қароре омаданд, ки як рӯз чун рӯзи “пролетариати занон” ҷашн гирифта шавад. Соли 1910 дар Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист қарори ҷашнгирии «Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Қарори мазкур ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу баробарии онҳо нисбати мардон ва ҳуқуқи иштирок дар овоздиҳии занон равона шуда буд. Ҳамин тавр, рузи байналхалқии занон дар кишварҳои дигар низ доман паҳн кард.

Бояд қайд кард, ки аз солҳои аввали Ҳокимияти Шуравӣ бинобар сабаби ҳимоя аз ҳуқуқҳои занҳо 8-уми март ҳамчун иди давлатӣ дар қатори дигар идҳои расмӣ дохил карда шуд. Ҳамзамон, аз соли 1975 дар Созмони Милали Муттаҳид 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналхалқии занон қабул намуданд.

Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои ҷаҳон ҳар кадоме вобаста ба мустақилияти худ рӯзи байналмиллалии занонро бо номҳои гуногун ҷашн мегиранд. Аз ҷумла дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон  то соли 2009 рӯзи Бонувон ва баъдан бо пешниҳоди Пешвои миллат ҳамчун “Рӯзи модар” ҷашн гирифта мешавад. Таваҷҷуҳ ба занону модарон дар кишвар аз ҷониби роҳбарияти Олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки ҷойгоҳи зан–модари тоҷик дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар хеле барҷаста аст.

Маҳз даврони осоиштагиву оромии кишвар буд, ки зан–модар бори дигар дар ҷамъият мақому ҷойгоҳи воқеиро касб кард. Имрӯзҳо дар симои зани тоҷик ходими намоёни давлатӣ, роҳбару роҳнамои мардум, адибу муҳандиси номдор, табибу омӯзгори маъруф, коргару ҳунарманду деҳқони асил метавон дид. Дар низоми давлатдории кишвар соҳае нест, ки  занҳо дар он фаъолияти  пурсамар надошта бошанд. Бинобар ин, сол то сол шумораи занон дар низоми хизмати давлатӣ меафзояд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷалби онҳо  ба раванди идоракунӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла:

  • соҳаи маорифи кишвар беш аз 73 дарсад;
  • соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 71 дарсад;
  • соҳаи фарҳанг 47 дарсад;
  • соҳаи алоқа 25 дарсад;
  • соҳаи бонкдорӣ 39 дарсад;
  • соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ наздики 40 дарсад;
  • соҳаи энергетика, аз ҷумла дар иншооти муҳими аср- НБО «Роғун» 14,1 дарсад ё 687 нафар;
  • дар корхонаҳои саноати сабук- 87,8 дарсад.

Дар баробари қадрдонии занон, ба хотири таҳкими мақом ва манзалати онҳо дар ҷумҳурӣ солҳои охир як қатор санадҳои муҳим қабул шудаанд, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти онҳо ва ба корҳои масъули давлатию ҷамъиятӣ ҷалб гардиданашон равона мегарданд. Ҳукумати мамлакат ба занону бонувон эҳтироми хосса зоҳир намуда, нақши онҳоро дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ватандустиву худшиносии миллии шаҳрвандони кишвар хеле барҷаста медонад. Ҳамзамон, дурнамои фаъолияти занонро дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимиии ҷомеа ва пойдориву устувории оила метавон нишон дод. Аз ҷумла: қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди Фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026” ва амсоли инҳо санадҳое ҳастанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва усувор нигоҳ доштани арзишҳои оила заминаи мусоид мегузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарони бофарҳангу ватандуст ва бонангу ори кишвар такя намуда, таъкид мекунанд: “Итминони комил дорам, ки занони тоҷик анъанаи модарони баномуси худро, ки дар тули садсолаҳо ҳазорон фарзандони оқилу донишманд ва миллатдӯсту давлатдорро дар домани поки худ парвариш доштаанд, минбаъд низ идома медиҳанд ва сарзамини муқаддаси мо –Тоҷикистони азизро нуру зиё мебахшанд”.

Мо бо бовариву эътимоди хоса гуфта метавонем, ки занону модарони бофарҳанги кишвар минбаъд низ рисолати муқаддаси худро бо таълиму тарбияи дурусти фарзандон, дар замири онҳо ҷой додани ҳисси ватандустиву ватанхоҳӣ, баланд бардоштани саводнокии аҳли ҷомеа ва  барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Президенти маҳбуби кишварамон мақому манзалати занону модарони тоҷикро пайваста таъкид намуда, иброз медоранд: Дуст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Зан модар ба мисли баҳор, пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, ба оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Навруз, тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад”.

Ҷавонмардони бонангу баномуси кишварро месазад, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмату талошҳои ӯ бирасанд, модарону занон ва духтарони худро самимона дӯст доранд, ҳамеша чун сипари боэътимод онҳоро ҳимоят кунанд.

ҶАМШЕД Солиҳов,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед