Дар баробари дигар қишрҳои иҷтимоии мамлакат, нақши занон дар рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳварӣ ва тақдирсоз мебошад. Бо дарки ҳамин зарурат, ҳанӯз аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ, хусусан идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Бояд зикр намуд, ки истиқлоли давлатӣ баҳри таъмини мавқеи устувори занон дар ҷомеа имкониятҳои васеъро фароҳам овард ва занони қавиирода, соҳиблаёқату боҷасорати тоҷикро вориди раванди иҷтимоиву сиёсии давлатдорӣ намуд.

Аз ҷониби дигар яке аз нишонаҳои рушди асосҳои демократӣ низ дар ҷомеа ин васеъ гардидани имкониятҳои иштироки ҳар як фард, бахусус занон дар вазифаҳои  идоракунии давлатӣ ба шумор меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ меандешад, то ки ин қишри муҳими давлат озодона таҳсил ва дар баробари мардон дар ҳама соҳаҳо кор ва фаъолият намоянд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ бахшида ба Рӯзи модар таъкид намуданд: “…занону бонувон ҳамчун неруи фаъол ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон бояд минбаъд низ дар фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои бонкдорӣ, илму маориф, соҳибкориву тиҷорат ва бахшҳои дигар нақши мустақиму озодона дошта бошанд. Яъне ғамхорӣ дар ҳаққи занону бонувон ва ҳарчи бештар ба корҳои давлату ҷомеа ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки рушди муназзаму устувори ҷомеа бе иштирок ва саҳми фаъоли занону бонувон ғайриимкон аст”.

Ҳамин тариқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти занон як қатор санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро ба имзо расонидааст, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар моддаи 7-и Конвенсия оид ба рафъи шаклҳои пастзанӣ нисбати занон сабт гардидааст, ки занон ҳуқуқ доранд «дар таҳия ва татбиқи сиёсати Ҳукумат ва ишғол намудани вазифаҳои давлатӣ ва иҷро намудани ҳама вазифаҳои давлатӣ дар тамоми сатҳҳои идораи давлатӣ иштирок намоянд». Инчунин, ҳуқуқи мазкур аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ бармеояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки ин барои боз ҳам фаъолтар шудани занон заминаи мусоид фароҳам овард.

Амалӣ гардидани Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ имкон фароҳам овард, ки як зумра мушкилиҳои соҳавӣ ҳалли худро пайдо кунад. Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» қабул гардид, ки ба афзоиши шумораи занону духтарон дар шохаҳои ҳокимият мусоидат намуд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозид. Барои амалӣ гардидани ин иқдом заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ низ муҳайё гардидааст, аз ҷумла дар ин давра «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» татбиқ карда шуд.

Тибқи дастури дигари Роҳбари давлат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия шуда истодааст.

Имрӯзҳо дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 8 ҳазор занону бонувон, аз ҷумла 500 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор ва фаъолият менамоянд.

Ҳоло мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми зан дар раванди идоракунии давлат сол то сол афзоиш ёфта истодааст, ки ин омил аз дигаргуниҳои назаррас дар ҷомеа ва баланд бардоштани шуурнокии занон ва кору фаъолияти онҳо дар тамоми мақомоту идораҳои давлатӣ дарак медиҳад.

Ҳамин тариқ, мо яке аз наслҳои хушбахтарин ҳастем, ки дар чунин давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд умр ба сар мебарем, ки ҳуқуқи зан-модар, зан-хоҳар ва зан-фарзанд аз тарафи давлат муҳофизат шуда, шароити мусоид барои иштирок дар сиёсати давлатӣ ва изҳори ақида фароҳам оварда шудааст.

 

 Ҳафизова Азиза Саидаҳмадовна,
мутахасиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед