Дар Конститутсия дарҷ гардидани принсипҳои демократӣ ба мо имкон дод, ки худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мардуми дорои таърих ва забону фарҳанги бостонӣ ва соҳиби анъанаҳои деринаи давлатдорӣ муаррифӣ намоем.
(Паёми шодбошии Пешвои миллат, ба муносибати Рӯзи Конститутсия, 05.11.2021)
Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ бисту ҳашт сол муқаддам яъне 6 ноябри соли 1994 дар кишвар тавассути райъпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд.
Ҳоло бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Дар ин замина тамоми низоми қонунгузории миллӣ ба муқаррароти Конститутсия мувофиқ гардонида шуда, фаъолияти парламенти касбии кишвар ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат, густариш бахшидани раванди демократикунонии ҷомеа ва пешбурди бомароми ислоҳоти иқтисодиву ҳуқуқӣ равона гардид.
Фаъолияти озоди иқтисодиву соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишварро таъмин намуд ва барои муайян кардани сиёсати мутавозин, хусусан, дар самти паст кардани таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллии кишвар асоси боэътимод гузошт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Конститутсия меъёри бунёдӣ ва бисёр муҳимми иқтисодиёт пешбинӣ шудааст, ки он эътирофи шаклҳои гуногуни моликият мебошад.
Дар доираи санати мазкур давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуҳуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар сатҳи Конститутсияи мамлакат ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, кишвари моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд.
Нахустин ҳуҷҷати стратегие, ки баъди кабули Конститутсия ҷиҳати таназули иқтисодиёт таҳия ва қабул гардид ин «Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995–2000» мебошад ва ин ҳуҷҷат баътар ба барномаҳои иқтисодии мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди устувор иваз гардид.
Бо қабул ва татбиқи самараноки Стратегияи миллии рушд, як силсила барномаҳои рушд дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусиву соҳибкорӣ, ҳамчун заминаи устувор барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ шуданд. Дар натиҷа, дар Тоҷикистон чорчӯбаи зарурии суботи макроиқтисодӣ барои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ба вуҷуд омад.
Аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусуси дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад, зеро бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозаргони гузаштан ғайриимкон маҳсуб меёфт. Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои мусоид фароҳам овард.
Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.
Дар Коститутсия ҷиҳати таъмини рушду ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар асоси такмили заминаҳои ҳуқуқӣ як зумра қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат мебошанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳи ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ».
Илова бар ин, ҷиҳати таъмини рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ як зумра стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012–2020», «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» ва «Стратегияи милли рушд барои давраи то соли 2030» таҳия гардида мавриди тадбиқ қарор доранд. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои барои тадбиқи Стратегияи мазкур пешбинишуда 54,7 миллиард доллари ИМА ё 46,3 дарсадаш ба бахши хусусӣ рост меояд.
Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ нишондиҳандаҳои бахши хусусию соҳибкорӣ босуръат рушд карда, соли 2021 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ 338814 ададро ташкил дода, нисбат ба соли 1994 тақрибан 47 маротиба зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ то имрӯз беш аз 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шудааст ва татбиқи як қисми онҳо идома дорад, ки маблағи умумии лоиҳаҳои зикршуда қариб 32 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Давра ба давра бо беҳтар гардидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ танҳо дар давоми 14 соли охир ба рушди иқтисодиёти кишвар 11012,4 миллион доллар сармояи хори ҷалб гардида, аз он тақрибан 4,9 миллион долларашро сармояи мустақими хориӣ ташкил медиҳад.
Дар 28 соли охир дар натиҷаи тадбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ҳазорҳо иншоотҳои хурд ва корхонаи миёнаву калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.
Танҳо давоми 26 соли охир аҳолии машғули кор дар баҳши хусусӣ беш аз 3,4 маротиба, шумораи корхонаҳои хурд зиёда аз 1,3 маротиба ва фонди музди меҳнат 0,5 то 220,2 миллион сомонӣ афзоиш ёфт. Дар ин давра, даромади корхонаҳои хурд аз фурӯши маҳсулот аз 1,7 сомонӣ то ба 4421,6 сомонӣ афзоиш ёфт.
Ҳамзамон, дар ин давра шумораи шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ машғуланд тақрибан 40 маротиба, шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳамчун соҳибкори инфиродӣ беш аз 100 ва андозаи миёнаи масоҳати замини дар ихтиёри онҳо қарордошта, зиёда аз 1,5 маротиба зиёд гардидаанд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳаҷми умумии қарзҳои ба рушди иқтисодиёти кишвар пешниҳодгардида то ба 117 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо соли 2021-ум 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.
Дар давраи солҳои 1994–2022 ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ ва расидан ба афзалиятҳои муайянгардида як зумра имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.
Дар маҷмӯъ, ҳоло, дар қонунгузории амалкунанда барои субъектҳои соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ ва сармоягузорон, беш аз 100 номгӯи имтиёзу сабукиҳо, ки аз онҳо 85 дарасад ба имтиёзҳои фискалӣ ва 15 фоизаш имтиёзҳои фискалро ташкил медиҳад, пешбинӣ гардидаанд. Аз имтиёзҳои пешбинигардида қариб нисфи онҳо барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудаанд. Илова бар ин, ҳоло дар қонунгузории кишвар бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои сармоягузорон зиёда аз 90 намуди кафолату имтиёз ва беш аз 240 номгӯй сабукиҳо дар бахши андозӣ пешбинӣ гардидааст.
Танҳо дар 2020 соли охир дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.
Дар ин давра, дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардид.
Тавассути тадбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ густариш ёфт.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассири давлатӣ ва амалисозии барномаҳои қабулгардида дар масири дастгирии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2022 беш 70 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 1998 тақрибан 2,5 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамин тавр, тавассути тадбиқи ислоҳоти самаранок, аз ҷумла доир ба беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ амалигардида имкон дод, ки бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, дар давоми ду даҳсолаи охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин таъмин гардад.
Масалан, агар дар солҳои 1994 ҳаҷми маҷмӯи мҳсулоти дохилии (ММД) кишвар 1,8 миллиард сомонӣ ва сурати афзоиши воқеии он 1,7 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2021 95,0 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он бошад, ба 7,5 дарсад баробар гаштааст. Дар ин давра, ММД ба ҳар сар аҳолӣ аз 89 сомонӣ то ба 9,5 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Танҳо дар давраи солҳои 2000-2021-ум даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Илова бар ин, мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба пешбурди тиҷорат 106–индекси рақобатпазирии глобалӣ–50, индекси глобалии сулҳ– 105, ҳисоботи рақобатпазирии туриз ва саёҳӣ дар зинаи 104–ум қарор гирифт.
Аз факту рақамҳои овардашуда метавон чунин хулоса намуд, ки қабули Конститутсия, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 28–умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад.
Чунки, маҳз дар заминаи Конститутсия тамоми қонунгузории кишвар аз нав таҳия ва қабул гардид ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҳамаҷониба ба танзим дароварда шуда, дар ин асос дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Конститутсия, агар аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта бошад, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
Мо дар даврони соҳибистиқлоли таҳти роҳбарии бевоситаи хирадмандонаи Пешвои миллат, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо такя ба Конститутсияи худ давлате бунёд намудем, ки дар он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, мардум ба имрӯзу ояндаи худ дилпурона назар мекунанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар мебаранд.
Чунин шароит ба он мусоидат намуд, ки дар кишвар ҳазорҳо корхонаи хурду миёна ва бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шавад, барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид ва сатҳи зиндагии мардуми шарифи кишвар зина ба зина рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Ҳамин тавр, маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Наҷмуддинов М.С.
мутахассиси пешбари
Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон