Шабехуни гурӯҳаки ифротии террористӣ ба дидбонгоҳи марзбонӣ ҳодисаи сода нест. Он дар асл шабехун ба давлати мо, ба мардуми мо, ба озодии мо, ба суботу осудагии ин сарзамин аст. Агар ҳоло ба 20 нафари онон убури марз даст дода бошад, он сӯйи марз ҳазорони дигар машқ дидаву саф кашидаанд. Ва бадтар аз ин, ин неруи сиёҳ дар муқобили давлату давлатдории мо аз марказҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ идора ва самт дода мешавад. Чунине дидем, чунин гурӯҳакҳо дар алоҳидагӣ дар баробари неруи давлати мо ҳеҷанд, аммо тавону таҷрибаи пуштибонони онҳо басе бузургтар аз инанд ва худи терроризм як сиёсати калони қудратҳои ҷаҳонӣ ва як барномаи васеи фароминтақавист…
Бинобар ин, шабехуни ин гурӯҳак паёмест ошкор ва ҷиддӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ту, оилаат, падару модарат, хонаат, деҳаат, шаҳрат, ватанат, миллатат, давлатат, истиқлолиятат, забонат, фарҳангат, тамаддунат дар хатар аст! Зеро хатари ифротгароию терроризм чунин сӯзандаву фарогир аст… Ин паёмест, ки бадхоҳони ватану миллати мо ҳанӯз бо ҳастии миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва зиндагии озоди мо оштӣ накардаанд, ҳануз дар пайи нақшаҳои нопоки худанд ва бо ин ҳадаф якеро дар Шарқ пеш андохтаанду дигареро дар Ғарб…
Бинобар ин, дар чунин соати ҳассос ҳамаи мо, новобаста аз синну сол, касбу кор ва мавқеи сиёсию иҷтимоӣ бояд дар атрофи ватан, давлат, ормонҳои миллӣ ва муҳофизони ҷонбаркафи он муттаҳид бошем, зеро ватандорию ватанпарастӣ касбу кор нест, балки зарурати ҷонию вазифаи ҳамагонист. Ва суботу амният низ фақат ниёзи давлат нест, балки зарурати ҳаётии ҳар фард аст.
Дар чунин лаҳзаи эҳсоси таҳдиду ташвиш маҳз огоҳии баланди сиёсӣ, мавқеи масъулонаи шаҳрвандӣ ва ҳисси зотии ватандорӣ неруест, ки фард-фарди моро муттаҳид месозад ва шикастнопазирии моро ба намоиш мегузорад. Муттаҳид ва устувор. Муттаҳид ва пойдор!
Абдуллоҳи Раҳнамо,
мушовири директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон