Айни замон яке аз масъалаҳои мубрам ва муҳими ҷомеаи муосир ин ошкор намудани таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист ба ҳисоб меравад. Ин раванд алҳол тамоми ҷанбаҳои фаъолияти инсонро фаро гирифта, дар маҷмӯъ, он ба системаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ расонда истодааст.Аз ин рӯ, олимону коршиносон пайваста паҳлуҳои мусбату манфии ин равандро аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ мавриди арзёбӣ қарор дода, вобаста ба замон андешаҳои хешро баён менамоянд. Дарвоқеъ, доир ба равандҳои тағйирёбии иқлим дар илм якчанд фарзия вуҷуд дорад. Аз ҷумла, як гурӯҳ олимону коршиносон сабаби баландшавиии ҳароратро дар кураи Замин аз афзудани гази карбонат дар ҳавои атмосферӣ маънидод намуда, андешаҳои хешро чунин тақвият медиҳанд. 150 сол пеш миқдори гази карбонат дар ҳавои атмосфера тақрибан 0,26%–ро ташкил медод, ин нишондиҳанда ҳоло ба 0,38 % расидааст. Академик А.Л. Яншина вобаста ба ин фарзия таносуби миқдори гази карбонатро дар ҳаво дар солҳои гуногун 0,028%, 0,034% ва 0,035% шарҳу тавзеҳ медиҳад. Далелҳои мазкур аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки гармшавии глобалии замин асосан дар натиҷаи афзун шудани гази карбонат (ба ибораи дигар гази гулхонаӣ) дар ҳавои атмосфера ба амал омада истодааст. Гурӯҳи дигари олимону коршиносон равандҳои ангезиши тамоюли тағйирёбии иқлимро ба гардиши биогеохимиявии биосфера вобаст менамоянд. Аз нигоҳи онҳо замин дар давоми 41 ҳазор сол тамоюли меҳвари хешро дар ҳудуди 220 ва 24,50 тағир медиҳад. Ин нишондод алҳол 23,50-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, иброз менамоянд, ки замин дар фосилаи 19–23 ҳазор сол ҳаракати давриро дар гирди меҳвари хеш анҷом медиҳад.
Боиси тазаккур аст, ки то ҳол равандҳои тағйирёбии иқлим дар қиёси чунин фарзия бо диди илмӣ хулосабардорӣ карда нашудааст. Ба ибораи дигар гӯем, аз ин дидгоҳ то ҳол муаммоҳои тағйирёбии иқлим ба таври возеҳ тавзеҳу шарҳи муфассали худро наёфтааст. Дар баробари ин, боз фарзияи дигаре мавҷуд аст, ки равандхои ҳозираи тағйирёбии иқлимро ба тамоюлҳои тектоникии плит (қишри замин) марбут менамояд. Тибқи нигоришҳои олимон миқдори гази карбонат дар ҳолати муқаррарӣ (1,5Х1013 тонна) дар ҷараёнҳои фаъолияти магнитӣ бошад, ба (2х1013 тонн) мерасад, ки ин омил имкон медиҳад, ки ҳарорат то андозаи 1-20С баланд шавад. Геофизик Ф. Юй, астрофик Н. Шавив, геохимик Я. Вейзер бошад, равандҳои тағирёбии иқлимро ба омилҳои космогенӣ алоқаманд медонанд. Дар илм ҳоло чунин фарзие роиҷ гардида истодааст, ки хушкшавии баҳри Арал сабаби тамоюли тағйирёбии иқлим дар сайёра гардида истодааст. Дар ин замина ҳаракату равияҳои гуногун дар гузашта чунин андешаеро роиҷ намуда буданд, ки гӯё бунёди силсиланеругоҳҳои Тоҷикистон боиси хушкшавии баҳри Арал ва дигаргуншавии иқлим дар минтақа мегардад. Маҳз ҳамин андеша моро водор намуд, ки бо диди холиси илмӣ аз нигоҳи ҷузъӣ таҳаввулоти тағйирёбии иқлимро таҳлилу таҳқиқ намуда, зуҳуроти онро барои оянда дар асоси фарзияҳои гуногун хулосабарорӣ намоем.
Умуман, далелу андешаҳои зикргардида аз он шаҳодат медиҳад, ки алҳол доир ба ин равандҳои тағйирёбии иқлим дар байни олимону коршиносони соҳа ягонагии нуқтаи назар дида намешавад. Ҳалли масъала мазкур дар чунин ҳолат зарурати гузаронидани пажӯҳишҳои мушаххаси назариявию амалиро аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ тақозо дорад. Аз ин рӯ, иброз менамоем, ки дар табиат гарчанде ин тамоюл хусусияти даврӣ дошта дошта бошад, аммо онро олимону коршиносон аз дидгоҳҳои гуногун вобаста ба замон таҳлилу тадқиқ намуда истодаанд. Моро дар чунин ҳолат лозим меояд, ки вобаста ба мавқеи географии кишварамон аз нигоҳи ҷузъӣ ба таври мушаххас муаммоҳои тамоюли тағирёбии иқлимро мавриди арзёбӣ қарор дода, омилҳои ангезиш ва самтҳои пешгирӣ намудани онро дар робита бо арзишҳои илмӣ баён намоем. Гарчанде то ҳол дар Тоҷикистон равандҳои тағйирёбии иқлим аз лиҳози академӣ ба таври мушаххас мавриди таҳлилу таҳқиқи олимону коршиносони соҳа қарор нагирифта бошад ҳам, аммо дар адабиётҳои баъзе паҳлуҳои он вобаста ба мавқеи ҷуғрофии кишварамон инъикоси хешро ёфтаанд.Инчунин, бо дастгирии молиявии ниҳодҳои байналмилалӣ дар ҳудуди кишварамон пиромуни ин масъалаҳо чандин лоиҳаҳои бисёрҷузъӣ амалӣ гардонда шуданд. Чунончи, зимни омӯзиши ин масъалаҳо коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба чунин хулоса омаданд, ки дар байни 28 давлати Аврупо, Қафқоз ва мамолики Осиёи Марказӣ бештар Тоҷикистону Қирғизистон дар равандҳои тағйирёбии иқлим осебпазир мебошанд. Ин андеша гарчанде то ҳол аз лиҳози илмӣ дар лоиҳаю барномаҳои гуногун шарҳу тавзеҳи муфассали худро наёфта бошанд ҳам, аммо зуҳуроти ин андеша муборау актуалӣ будани пажӯҳиши ин масоилро барои Тоҷикистон ба миён мегузорад.
Қобили зикр аст, ки коршиносони созишномаи қолабӣ баҳри дарки ин масоил аз 57 стансияи метереологии Тоҷикистон, ки дар баландиҳои аз 300 то 4200 м аз сатҳи баҳр воқеъгардида далелҳои 30-тои онро дар давраи солҳои 1961–1990 вобаста ба мавсими сол мавриди омӯзиш қарор дода, ба чунин хулоса омаданд, ки ҳарорат дар Тоҷикистон дар давоми 65 соли охир дар шаҳрҳо 1,2 – 1,90С, ҳамвориҳо 0,7 -1,20С ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯх 0,1- 0,70С баланд шудааст. Дар баробари ин, онҳо ошкор намуданд, ки тайи ин солҳо дар минтақаҳои баландкӯҳи кишварамон баръакс, пастшавии ҳарорат то андозаи 0,1–0,30С ба назар мерасад. Ҳамзамон, дар заминаи сенарияи тағирёбии иқлим муайян намуданд, ки ҳарорати миёнаи гармии ҳаво дар Тоҷикистон дар давоми 50 соли охир аз 0,5 то 2,20С баланд шудааст. Аҷобат ин аст, ки ин далелҳоро на ҳама мепазиранд, баръакс, аксари коршиносони ҳирфавӣ иброз менамоянд, ки тӯли ин солҳо дар Тоҷикистон ҳарорат 0,7–1,20С баланд шудааст. Чунин андешае низ мавҷуд аст, ки дар Тоҷикистон то соли 2030 ҳарорат 1,50С ва то соли 2050 1,8–2,90С баланд мешавад. Эҳтимол меравад, ки дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин нишондиҳанда ба 4,90С расад. Онҳо ин андешаи хешро чунин тақвият медиҳанд. То ибтидои асри бисти милодӣ 11% қаламрави Тоҷикистонро пирияхҳо ташкил медод, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ 8%, охири он 6% , ҳоло бошад, 4,8% ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти матбуотӣ давоми 50 соли охир аз 14 ҳазор пирияхи Тоҷикистон ҳазортои он ба ҳадди нестӣ расидаанд. Ҳатто дар манбаъҳои илмӣ ва илмию оммавӣ омадааст, ки дар 50 соли охир масоҳати яхбандӣ дар Помир 36,4% кам шудааст.
Умуман, аз таҳлилҳои гидрометереологии солҳои 1970–2015 чунин бармеояд, ки ин тамоюл на танҳо боиси камшавии масоҳату ҳаҷми пирияхҳо, инчунин, ба афзудани шумораи офатҳои табии марбут ба обхезиҳо оварда расонда истодааст. Агар дар ин самт ҳисоботҳои интишоргардидаи кишварамонро аз нигоҳи назариявӣ дар қиёс ба дигар кишварҳои ҳамсоя доир ба ин масъалаҳо таҳлилу таҳқиқ намоем, маълум мегардад, ки назар ба дигар кишварҳои пешрафта баландшавии ҳарорат дар Тоҷикистон тақрибан ду маротиба зиёдтар ба назар мерасад. Аз ин рӯ, мо ин ҷо аз шарҳу тавзеҳи ин масъала худорӣ намуда, танҳо ҳаминро зикр менамоем, ки агар раванди тағйирёбии иқлимро аз лиҳози ихроҷи газҳои гулхонаӣ таҳлил намоем, қариб, ки дар байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда фарқ ба назар намерасад. Як қазоват намоед? Тибқи нишондодҳои коршиносони байналмилалӣ кишвари мо аз рӯйи ихроҷи гази гулхонаӣ дар байни 211 давлати дунё мақоми 159-ум ва дар Осиёи Марказӣ мавқеи охиринро ишғол менамояд. Далолат бар ин андеша он аст, ки партовҳои гази гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар муқоиса ба дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон панҷ маротиба камтар ба назар мерасад. Дар баробари ин, боз онҳо муайян намуданд, ки дар Тоҷикистон солиёни охир ҳаҷми партовҳои гази гулхонаӣ аз 24 гигатон то 4 гигатон кам шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баландшавии ҳарорати глобалии сайёра Тоҷикистон нақши боризе гузошта наметавонад. Дар ин самт, натиҷагирии далелҳо хуб аст, аммо аҷобат дар зоҳир мегардад, ки онҳо боз мегуянд: “Тоҷикистон гарчанде ба гурӯҳи кишварҳои хориҷкунандаи ҳаҷми ночизи партовҳои газҳои гулхонаӣ дохил шавад ҳам, аммо дар самти тағийрёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Чаро Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим ҳамчун кишвари осебпазир ҳисобида мешавад? Ин андеша низ то ҳол аз дидгоҳҳои гуногун бо диди илмӣ ташреҳи муфассали худро наёфтааст. Ин муаммоест, ки минбаъд барассии арзишҳои илмиро аз дидгоҳҳои географи, биологӣ, экологӣ, иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ тақозо менамояд. Чунки агар фарзияҳои тамоюли тағирёбии иқлимро барои Тоҷикистон аз лиҳози партовҳои газҳои гулхонай натиҷагирӣ намоем, бояд назар ба дигар кишварҳои тарақиқардаи ҷаҳон дар Тоҷикистон дигаргуншавии иқлим кам ба назар расад. Аммо дар гузоришҳои интишорнамудаи кишвари мо акси ин андеша ба назар мерасад?Худ акнун қазоват намоед мантиқ куҷост? То ҳол ин паҳлуи масъалаҳо аз нигоҳи илмӣ ташреҳи муфассали худро наёфтаанд. Аз ин ҷиҳат, натиҷагирии далелҳои иқлимӣ барои кишвари мо шубҳаомез менамояд? Аз ин бармеояд, ки то ҳол дар ин самт афкори ҷадид ва ғояи илмие ташаккул наёфтааст, ки дурнамои сиёсати тағирёбии иқлими Тоҷикистонро барои оянда нишон дода тавонад. Танҳо аз муҳтавои ҳисоботу ахбори интишоршуда дар ин самт чунин бармеояд, ки ҳалли масоили мазкур вобаста ба мавқеи ҷуғрофии ҳар як кишвар зарурати гузаронидани озмоишҳоро баҳри пешгирӣ намудани ин раванд тақозо менамояд. Яъне дар ин самт ҳар як кишваро зарур аст, ки дар доираи имкониятҳои хеш чорабиниҳои биотехникӣ таҳия намуда, вобаста ба онҳо дар арсаи байналмилалӣ сиёсати экологии хешро роҳандозӣ намояд. Ба мақсади дарки ҳаматарафаи ин масъала соли 1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи қолабӣ ҳамроҳ шуда, 21 декабри соли 2008 Протоколи Киотаро ратификатсия намуд. Инчунин, аз соли 2003 то ба ҳол Тоҷикистон узви Созмони Тағйирёбии Иқлим мебошад. Ҳадафи шомил шудани Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз як тараф, холисона арзёбӣ намудани равандҳои тамоюли тағирёбии иқлим бошад, аз дигар тараф, иртиботи арзишҳои илмӣ дар сатҳои гуногун баҳогузорӣ намудани таъсири ин тамоюл ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт мебошад. Далелу андешаҳои дар боло зикргардида аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла тағирёбии иқлим, ҳамқадами замон мебошад.
Ҳасан Асоев,
коршиноси масоили экологии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон