Бояд тазаккур дод, ки экстремизм (ифротгароӣ) бо бунёдгароӣ (фундаметализм) ва радикализм (тундгароӣ) ҳамшарикӣ дошта, ин ҳар се дар якҷоягӣ маҷмуаи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва умуман моддию маънавиро дар маҳдудаи иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, саранҷом боиси ҷангу низоъҳои бардавом, қатлу куштор, даҳшату ваҳшати мардумӣ мегарданд.
Решаю омилҳои имрӯзаи ифротгароӣ ва ба истилоҳ экстремизми динӣ – мазҳабӣ, қабл аз ҳама дар паст будани маърифати динии ҷомеа зоҳир мегарданд. Ҳар қадар ҷомеа хурофотпараст бошад, ҳамон қадар хатари ҳама гуна ифротгарои онро таҳдид мекунад. Ҳамин бояд дарк намуд, ки на ифротгароӣ ва на терроризму дигар падидаҳои номатлуб ҳеҷ мансубият ба дин, миллат ва давлат надорад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд намудаанд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани дини мубини Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд”.
Бо он ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда, даҳҳо шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун василаи сода ва арзони муошират истифода менамоянд ва дар баробари ин ҳамагуна ҳадафу ҳаракатҳои худро бо дин омехта мекунанд. Имрӯзҳо миллионҳо нафар ба василаи техникаву технологияҳои нав ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтида истодаанд.
Истифодаи васеъ ва нодуруст, яъне ғайримақсадноки технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби аксари ҷавонон, барои намояндагони ҳаракату равияҳои ифротгаро имкониятҳои зиёдро фароҳам овардааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб мешаванд. Ноогоҳӣ аз асосҳои дини мубини Ислом, паст будани сатҳи маърифату дониш, бетафовутӣ ба рушди минбаъдаи давлат, муайян карда натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа, нокомӣ дар мутобиқати иҷтимоӣ боиси рӯ овардан ба номаълумӣ мегардад, ки дар анҷом ё ба ифротгароӣ ва ё ба терроризм бурда мерасонад.
Дар шароити ҷоҳонишавӣ ба масъалаҳои ҳифзи сатҳи фарҳангӣ – сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад мувофиқ аст. Бинобар ин, мо шаҳрвандони кишвар ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ масъулияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоиш намоем, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Содиқова Саодат
мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии ,
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон