Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Муносибати ин ду давлат дар руҳияи дӯстӣ, муносибати неки ҳамсоягию таърихӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалинҳо шуда истиқлоли Тоҷикистонро эътироф намудааст. Барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ин ду давлат Комиссияи байниҳукуматӣ созмон дода шуда, фаъолияти самаранок бурда истодааст. Заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаро тақрибан 300 санади шартномавӣ-ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, ки қариб тамоми самтҳои фаъолиятро дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин мунтазам афзоиш меёбад. Аз диаграммаи 1 маълум мегардад, ки ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон соли 2019 14,6 %-ро ташкил дод. Соли 2020 бо сабаби паҳншавии пандемияи “Covid-19” ва баста шудани сарҳадҳои давлатҳо ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ то 10,4% коҳиш ёфт, солҳои минбаъда ин нишондиҳанда афзоиш ёфта, танҳо дар моҳҳои январ-апрели соли 2023 ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 21,6% баробар гардид, ки нисбат ба соли 2019 ба 7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Диаграммаи 1. Ҳиссаи Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023
Инчунин, ҳиссаи содироти молу маҳсулот ба Чин дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон низ сол то сол афзоиш ёфта, соли 2022 он нисбат ба соли 2019 ба 12,5 банди фоизӣ ва моҳҳои январ-апрели соли 2023 нисбат ба соли 2019 ба 18,4 банди фоизӣ зиёд гардид. Ҳиссаи воридот аз Чин дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон соли 2022 нисбат ба соли 2019 ба 1,8 банди фоизӣ коҳиш ёфта, моҳҳои январ-апрели соли 2023 нисбат ба соли 2019 ба 3,1 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст (диаграммаи 1). Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 бештар аз 211,4 млн. доллари амрикоӣ ё 61,8 % сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст. Он ба соҳаҳои истихроҷ ва ғанигардонии маъданҳои сурб, руҳ ва қалъагӣ, истихроҷи сангҳои табии қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (ба истиснои алмос), истихроҷ ва ғанигардонии маъданҳои филизоти қиматбаҳо ва нодир равона гардидаанд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин асосан минералҳои гуногун, филизоти ранга ва нодир (сурма, руҳ, хӯлаҳои алюмин ва ғ.), нахи пахта, пӯст, шоҳӣ, хушкмева содирот намуда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон реакторҳои атомӣ, дегҳо, таҷҳизот ва дастгоҳҳои механикӣ ва қисмҳои онҳо, мошинҳо, таҷҳизоти барқӣ ва қисмҳои онҳо, таҷҳизот барои сабт ва такрори садо ва тасвири телевизион, қисмҳо ва лавозимоти онҳо, воситаҳои нақлиёти заминӣ, ба истиснои нақлиёти роҳи оҳан ё трамвай ва қисмҳои онҳо, филизоти сиёҳ, пластмасса ва маҳсулоти аз он ворид карда мешаванд.
Ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Чин на танҳо дар соҳаи истихроҷи сарватхои зеризаминӣ, инчунин, соҳаҳои саноат, қишлоқ, тандурустӣ, маориф, инфрасохтор, энергетика, сохтмони роҳҳо дар бар гирифта, ҳамзамон, ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди сабз” низ рушд ёфта истодааст.
Соли ҷорӣ ҷаласаи 14-уми ҳарсолаи роҳбарони ҷаҳонии Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ (WEF) дар Чин, таҳти шиори “Рӯҳи соҳибкорӣ: нерӯи пешбарандаи иқтисоди ҷаҳонӣ” баргузор мегардад. Ҳадафи асосии вохӯрии байналмилалӣ ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар Осиё ва тамоми ҷаҳон, инчунин, дарки амиқтари вазъи иқтисодии Чин мебошад. Барномаи Форум аз шаш самт иборат мебошад: эҳёи рушди иқтисодӣ, Чин дар заминаи ҷаҳонӣ, тағйирот дар соҳаи энергетика, ҳифзи табиат ва тадбиқи инноватсия.
Қобили зикр аст, ки ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба татбиқи фаъолияти роҳҳои нақлиёти заминию ҳавоӣ барои рушди тиҷорати байнидавлатӣ ва мустаҳкам гардидани ҳамкориҳо бо Чин нақши назаррасро бозида, соҳибкорони тоҷик ва чинӣ имкон пайдо намуданд, ки шароити фароҳам овардашударо самаранок истифода баранд.
Ҳамин тариқ, соҳаҳои ояндадори фаъолияти муштарак, ки ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои самараноки дуҷониба мусоидат кунанд, метавонанд инҳо бошанд:
– ҳамкорӣ дар соҳаи саноати мошинсозӣ;
– ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва экология;
– ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи энергетика;
– ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи инноватсия;
– ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисос;
– ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи таъмини амният, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва ғайра.
Содиқова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон