ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳои фараҳбахши тобистон ман бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ омадам. Ин сафари сеюми ман ба Тоҷикистони афсонавӣ хоҳад буд. Бори охир ман панҷ сол пеш ба Тоҷикистон сафар карда будам. Чунончи шоири маъруфи тоҷик Рӯдакӣ фармудааст: «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон». Ҳамин гуна дидорбинӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам доир намоям, то ки уфуқҳои нави муносибатҳои Чину Тоҷикистон боз гардад.
Чин ва Тоҷикистон асрҳо боз ҳамсоя буда, сарнавишти ягона доранд ва Роҳи бузурги Абрешим дар муддати беш аз ду ҳазор сол аз ин шаҳодат медиҳад. Дар сарзамини тоҷик дар замони сулолаи Хан, Чжан Тсян, роҳиби танӣ Сюантсзан ва дипломати минӣ Чен Чен нақши нек гузошта буданд. Тоҷирони суғдӣ масофаи ниҳоят тӯлониро дар минтақаи Авруосиё тай намуда, пули тиҷоратиро ба вуҷуд оварданд, ки он Чин, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Аврупоро ба ҳам пайваст ва ҳамин тавр, ин тоҷирон ба раванди табодули ҳамаҷонибаи байнитамаддунӣ ва ғанӣ гардонидани мардумон дар масири роҳи Бузурги Абрешим саҳм гузоштанд.
Бо барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ 32 сол қабл Чин ва Тоҷикистон дар таърихи бисёрасраи дӯстӣ саҳифаи нав боз намуданд. Аз он давра дар муддати 32 сол муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз ин имтиҳон дар айёми мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд ва аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ табдил меёбанд. Кушиши мо барои ташаккул додани ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чин ва Тоҷикистон намунаи хуби барқарор намудани муносибатҳо байни кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Мо шарикони содиқ будему ҳастем, якдигарро эҳтиром мекунем ва ба якдигар эътимод дорем. Ду кишвар дар масъалаҳое, ки манфиатҳои куллии онҳоро фаро мегиранд, дар навбати аввал соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва тамомияти арзиро ҷонибдорӣ карда, роҳи интихобкардаи рушдро мутобиқи воқеияти миллӣ эҳтиром менамоянд ва ба ҳар кушиши аз берун бо ягон баҳона дахолат намудан ба корҳои дохилӣ, қатъиян зид мебароянд. Мо ҳамеша оид ба масоиле, ки боиси ташвиш ҳастанд, якдигарро мефаҳмем ва дастгирӣ менамоем, аз рушди мунтазами ду кишвар дар кори пешрафт ва эҳёи миллӣ шод мешавем. Унсурҳои бунёдии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок омили муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба гардидаанд. Ман бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 15 маротиба вохӯрдаам ва муносибатҳои хуби корию дӯстии амиқи шахсии мо ба пешрафти муносибатҳои Чину Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Мо бо азми ягона ҳамкории дуҷонибаи судмандро амалӣ месозем. Чин дар тӯли солҳои зиёд маблағгузори калонтарин ва яке аз шарикони пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Табодули дуҷонибаи мол соли гузашта ба 4 миллиард доллари ИМА наздик шуд. Чунин раванди мусбатро мо дар чор моҳи аввали соли равон низ нигоҳ доштем. Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки дар доираи он кишварҳои мо як қатор лоиҳаҳоро татбиқ мекунанд, аз ҷумла, корхонаи сементи Ёвон, маркази намунавии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ва парки нассоҷии саноатӣ дар ноҳияи Данғара, ки дар мустаҳкам намудани иқтидори саноатию техникии Тоҷикистон нақш мегузоранд ва ҳазорҳо ҷойҳои корӣ ба вуҷуд овардаанд, ҳамроҳ шуд. Роҳи мошингарди Чин-Тоҷикистон, нақби роҳи оҳани Ёвон-Ваҳдат, ки аз ҷониби ширкатҳои Чин сохта шудаанд, шоҳраги муҳими нақлиётии Тоҷикистон гардиданд. Маҳсулоти баландсифату аз ҷиҳати биологӣ тозаи Тоҷикистон, ба мисли олу, лимӯ ва ангур дар бозорҳои Чин ҷойгоҳи хос ва дар байни истеъмолкунандагон талабгорони зиёд дорад. Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки бинои парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки сохтмони онҳоро мо бо Президент Эмомалӣ Раҳмон панҷ сол пеш оғоз бахшидем, ба наздикӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Онҳо шиносномаи нави пойтахти Шумо ва рамзи ҳамкории Чину Тоҷикистон хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни робитаҳои дӯстона мо аз якдигар меомӯзем. Дар заминаи институти Конфутсий ва устохонаи Лу Бан гурӯҳи мутахассисони баландихтисос ташаккул ёфтааст, ки ҳам забонҳо ва ҳам технологияро медонанд ва ба рушди миллӣ ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон фаъолона мусоидат менамоянд. Ба шарофати кушишҳои Маркази Чину Тоҷикистон, Маркази анънавии тиббии Чин ва лоиҳаи «Экспресс саломатӣ: сафари тобанда» ҳамбастагии тибби анъанавии Чин ва технологияҳои муосир саломатии аҳолиро ҳифз менамоянд. Робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, ба мисли ташкили рӯзҳои фарҳангӣ, машваратҳо, табодули донишҷӯён, тарҷума ва нашри тарафайни асарҳои бадеӣ, сокинони ду кишварро ба ҳам наздик месозанд ва ба омилҳои дӯстии фарохи байни Чин ва Тоҷикистон зам мешаванд. Минтақаҳо ва шаҳрҳои бародархонд, ки теъдодашон то 9 адад расидааст, ба дӯстии Чину Тоҷикистон такони иловагӣ мебахшанд.
Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар кумак мерасонем. Дар давраи пандемияи «COVID-19» мо паҳлӯи ҳам истода, ба вируси даҳшатнок муқовимат намудем ва якҷо ин мушкилиро паси сар кардем. Пешниҳоди тарафайни молҳои зиддиэпидемӣ, ба Тоҷикистон омадани гурӯҳи табибон ва мутахассисони Чин барои расонидани кумак дар мубориза бо пандемия, имконият доданд, ки пеши роҳи каронавирус гирифта шавад. Ба шарофати гуфтугӯи фаврӣ ва ҳалли мушкилоти пешомада кори мунтазами гузаргоҳи Қаросу-Кулма таъмин гардид ва чун шоҳраги пайвасткунандаи Чин ва Тоҷикистон дар шароити пандемия якзайл фаъол буд.
Мо дар саҳнаи байналмилалӣ ҳамкории зич ва ҳамдигарфаҳмӣ дорем, ташаббусҳои якдигарро фаъолона дастгирӣ мекунем, низоми марказии байналмилалии СММ ва тартиботи ҷаҳонии ба ҳуқуқи байналмилалӣ асосёфта ва меъёрҳои муносибатҳои байналмилалиро дар асоси талаботи Низомномаи СММ қатъиян дастгирӣ менамоем.
Дар шароити имрӯза ҳам Чин ва ҳам Тоҷикистон дар марҳилаи рушди босуръат ва эҳёи миллӣ қарор доранд. Дар кишвари мо кушишҳо ба таъмини рушди босифат ва сиёсати хориҷии дарҳои боз равон гардида, сохтмони давлати муқтадир ва эҳёи миллӣ бо назардошти воқеияти имрӯза ҳамаҷониба идома дорад. Тоҷикистон дилпурона дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қадам мезанад. Умедворам, ки дар ҷараёни ин сафар, мо бо Президент Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаро ҷиҳати ба қуллаҳои нав баровардани муносибатҳои Чину Тоҷикистон тарҳрезӣ менамоем.
Фаъол намудани банақшагирӣ дар сатҳи олӣ ва муайян сохтани роҳи дурусти рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон муҳим аст. Робитаҳои мустаҳкамро дар сатҳи олӣ ва баланд дастгирӣ бояд кард, табодули таҷрибаи идораи давлатиро таҳким бояд бахшид, боварии сиёсии сатҳи баландро мустаҳкам бояд кард ва муносибатҳои дуҷонибаи рушдро мунтазам дар роҳи дуруст пеш бояд бурд. Ҳамкориро дар ҳамаи сатҳҳо ва самтҳо ба роҳ бояд монд, барои дар руҳияи ҳамбастагии ногусастанӣ татбиқ намудани ҳамаи санадҳои ҳамкорӣ, ки дар сатҳи олӣ ва баланд қабул гардидаанд, мусоидат бояд кард ва муносибатҳои Чину Тоҷикистонро бештар таҳким бояд бахшид.
Муҳим аст, ки ҳамкории амалӣ густариш дода шавад ва заминаи мустаҳками моддии муносибатҳои Чину Тоҷикистон фароҳам гардад. Ҷониби Чин муштаракан бо ҷониби Тоҷикистон бо мақсади рушди бештар ва эҳёи ду кишвар нақшаи пешбурди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро дорад. Тарҳрезии тадбирҳои нав ҷиҳати дар оянда афзун намудани ҳаҷми тиҷорат, суръат бахшидан ба сохтмони қитъаҳои асосии роҳи мошингарди «Чин -Тоҷикистон», зиёд намудани шумораи парвозҳои мустақим бо назардошти талаботи ду ҷониб, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир ва олӣ, аз ҷумла мошинҳо бо истифодаи неруи алтернативӣ, манбаҳои барқи офтобӣ ва телекоммуникатсияи кайҳонӣ низ муҳим аст. Мо барои аз Тоҷикистон содир кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавасманд гардонидани корхонаҳои бонуфузи Чин барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба бунёди низоми муосири саноатӣ дар Тоҷикистон омода мебошем.
Барои рушди ду кишвар таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ва бунёди садди амниятӣ низ муҳим аст. Ҷонибҳо бояд якҷо консепсияҳои ягона, маҷмуӣ, муштарак ва мустаҳками амниятиро дар ҳаёт татбиқ созанд, табодулро тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус таҳким бахшанд, бо «се қувваи бадӣ», аз ҷумла Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ қатъиян мубориза баранд ва ба воридшавию иғвоангезии террористон ва экстремистон муқовимат намоянд. Мо бояд барои ҳифзи рушди минбаъдаи ду кишвар бар зидди ҳама гуна кушишҳои аз берун дахолатнамоӣ ба корҳои дохилии ду кишвар ва халалдорсозии суботи минтақавӣ шадидан муқовимат намоем.
Афзун намудани табодули гуманитарӣ ва мустаҳкам сохтани заминаи иҷтимоии дӯстии бисёрасра муҳим аст. Мо дӯстони тоҷикро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамеша бо хушнудӣ пазироӣ менамоем ва барои саёҳат, таҳсил, музокироти корӣ ва сармоягузорӣ ҳамаи шароитро муҳайё месозем. Мо омодаем, ки бо Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш ва ба монанди ин мунтазам тавсеа бахшем, то ин ки мардумони ду кишвар чун хешони наздик бештар меҳмони якдигар шаванд. Мо бояд аз имконияти устохонаи Лу Бан, институти Конфутсий, Маркази Чин-Тоҷикистон ва маркази тибби анънавии Чин бештар истифода намоем, ба раванди тарафайни ташкили марказҳои фарҳангӣ суръат бахшем ва ҳамкории байниминтақавии ду кишварро густариш диҳем, то ин ки дӯстии бисёрасраи Чин ва Тоҷикистон рушд ёфта, аз насл ба насл гузарад.
Якдилӣ ва ҳамкориро таҳким бахшидан ва муҳайё сохтани шароити мусоиди байналмилалӣ барои рушди босубот муҳим аст. Ҷонибҳо бояд ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироиро дар доираи узвият дар чунин созмонҳои муътабар, ба мисли СММ, СҲШ ва дар қолаби «Чин-Осиёи Марказӣ» таҳким бахшида, гуногунҷанбагии воқеиро пеша намоянд ва муштаракан ба бисёрқутбию баробарҳуқуқии ҷаҳонӣ ва иқтисодиёти дастрасу фарогир мусоидат намоянд. Пурра татбиқ намудани Ташаббус оид ба рушди байналмилалӣ, Ташаббуси ҷаҳонӣ оид ба бехатарӣ ва Ташаббуси ҷаҳонии тамаддунро босифат татбиқ карда, ҳамеша манфиатҳои ду кишвар ва тамоми ҷаҳони рушдкунандаро бояд ҳифз намоем, то ин ки Чин ва Тоҷикистон дар кори адолати байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Барои он, ки пеши назар паҳнои беохир намудор гардад, мо бояд аз ҷой баландтар шавем. Бо таваҷҷуҳ ба оянда, мо омодаем, ки бо дӯстони тоҷик нақшаи муҳташами табодули дӯстонаро тартиб диҳем ва ба хотири ояндаи дурахшони Чин ва Тоҷикистон дар таърихи ҳамкории дуҷонибаи судманд саҳифаҳои нав боз намоем.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
Си ҶИНПИН