Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба Сарвари кишвари мизбон – Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Туркманистон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки мо тарафдори рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Туркманистон мебошем.

Таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият миёни Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст ва дар асоси ин дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои кунунии ҳамкории ду кишвар, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди байни кишварҳо минбаъд низ ба нафъи халқҳои бародар фаъолона рушд хоҳанд кард.

Барои рушди ҳамкории сиёсӣ ва тиҷоратӣ – иқтисодӣ роҳандозии тадбирҳо оид ба татбиқи Барномаи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ то соли 2023, инчунин ташкили Харитаи роҳ оид ба афзоиши тиҷорат дар ду соли оянда зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки баҳрабардорӣ аз имконоти васеи соҳаҳои саноат, нақлиёт, ташкили мусофиркашонӣ дар роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавоӣ, ташкил ва боло бурдани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ бо мошин ва роҳи оҳан тавассути қаламрави Туркманистон, истифодаи бандари байналмилалии баҳрии “Туркманбошӣ” ҳамчун маркази логистикии борҳои транзитии Тоҷикистон, ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши зироаткорӣ ва чорводорӣ, бо истифодаи имконоту иқтидори мавҷуда табодули афкор карда шуд.

Рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангӣ – гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ахали Туркманистон, аз мавзуъҳои дигари мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон буд, ки ҷонибҳо барои татбиқи онҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории судманди кишварҳоро дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар сохторҳо, муҳокима карданд.

Зимни баррасии мушкилоти амниятии минтақавӣ, ба таҳдидҳои асосӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва вазъи душвори муқовимати дохилӣ дар Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар охири музокирот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мувофиқ бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

prezident.tj

Чоп кунед