ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 ноябр дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар Қасри Кремл мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифт.

Зимни музокирот сарони ду давлат дар доираи мулоқоти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум, ки хоси муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар мебошад, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дутарафаро муҳокима намуданд.

Сарони давлатҳо ҷанбаҳои кунунии шарикии стратегии ҷонибҳо, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амниятро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин оид ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Зимни музокирот Пешвои миллат зикр намуданд, ки сафари мазкурро ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду давлат мешуморанд ва ба он ишора намуданд, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия имрӯз дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои тарафайн дорои ҷараёни устувор мебошад.

Таъкид гардид, ки соли равон барои ҳар ду давлат соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. 30 сол қабл Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расида буд. Ба сатҳи расидаи ҳамёрӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар музокирот масъалаҳои ҳамкории энергетикӣ, инчунин ҳамкории саноатӣ бо таваҷҷуҳ ба саноати металлургӣ, кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ мавқеи муҳимро ишғол намуданд.

Бояд зикр намуд, ки бо дарназардошти захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ давлати мо айни ҳол энергетикаи «сабз»-ро фаъолона рушд медиҳад.

Тоҷикистон дорои 13 ҳазор пирях мебошад, ки 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказиро ташаккул медиҳанд.

Мамлакати мо дар ҷаҳон аз ҷиҳати захираҳои умумии манбаъҳои гидроэнергетикӣ дар ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси он ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Имрӯз Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршавандаи “энергияи сабз” истеҳсол намуда, аз рӯи ин нишондод дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон азм дорад иқтидори истеҳсоли энергияи тозаро ҳамчун заминаи калидии пешбурди “иқтисоди сабз” дучанд намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соҳаи кишоварзӣ самти дигари дурнамодори ҳамкорӣ мебошад.

Барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Русия изҳори омодагӣ карда шуд.

Гуфтугӯ ҳамчунин доир ба имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ анҷом дода шуд.

Тамоюли таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба Тоҷикистон ва мутаносибан афзоиши шумораи онҳо таъкид гардид.

Аз натиҷаҳои баланди ҳамкории гуманитарӣ, ки дар ҳоли болоравӣ қарор доранд, изҳори  қаноатмандӣ карда шуд.

Соли гузашта дар моҳи октябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия бомуваффақият доир гардида, тобистони имсол дар шаҳрҳои Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор шуданд.

Дар музокирот ба омӯзиши забони русӣ, ки дар Тоҷикистон ба он тибқи Конститутсия мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Бояд зикр кард, ки омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои низоми маориф шуруъ аз кӯдакистон дар беш аз чор ҳазор муассисаи таълимӣ ба таври ҳатмӣ амалӣ карда мешавад.

Ба густариши таҷрибаи фиристодани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа», ки дар доираи он ҳоло дар давлати мо 72 омӯзгор фаъолият дорад, изҳори ҷонибдорӣ баён карда шуд.

Сарони давлатҳо ба рушд ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ аҳаммияти бузург зоҳир намуданд.

Зиёда аз 80 субъекти федералӣ ва хоҷагидории Русия имрӯз бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.

Изҳори итминон карда шуд, ки густариши минбаъдаи ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар муносибатҳои байни давлатҳо мусоидат менамояд.

Доир ба ҷараёни мусбати ҳамкории байнипарлумонӣ суҳбат анҷом дода шуд.

Байни мақомоти қонунгузории ду давлат тақвияти робитаҳо мушоҳида мегардад.

Аҳамияти ҳамёрии ду давлат дар соҳаи амният зикр карда шуд.

khovar.tj

Чоп кунед