ДУШАНБЕ, 04.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқоту музокироти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду давлатро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Зимни вохӯрӣ аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шуда, рушди минбаъдаи фаъоли муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба манфиати ҳарду ҷониб муҳим номида шуд.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори нафту газ, химия ва металлургия, кооператсияи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёту боркашониро муҳокима намуданд.
Густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкории байни субъектҳо ва роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои ду давлат муҳим дониста шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд.
Доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои глобалии якдигар мубодилаи афкор доир шуд.
Ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва таҳкими ҳамкории сохторҳои дахлдори ду давлат, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд доир шуд.