20 сентябри соли 2022 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Қамарудин Ҷаъфар баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Сафири Тоҷикистон ба он ҷониб дар бораи рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттилоъ дода, сабабҳои сар задани муноқиша ва талафоти шаҳрвандонро ба таври муфассал шарҳ дод.

Ҳамчунин зимни мулоқот раванди тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябри 2022 дар Душанбе доир мегардад, низ матраҳ гардид.

Ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Малайзия ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.

mfa.tj

Чоп кунед