Рӯзи 9 марти соли 2023 мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, иштирокчиёни конфронси байналмилалии «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор гардид.
Нахуст, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода меҳмононро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт ва тазаккур дод, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давлатҳои дӯсту ҳамсоя ва шарики муҳимми стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар самараи сафарҳои давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Хайриддин Усмонзода нақши роҳбарони сиёсии ду кишварро дар раванди тавсеаи ҳамкориҳои шарикии стратегӣ муҳим арзёбӣ намуда, саҳми Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар таъмини амнияти минтақа ва рушди минбаъдаи он муфид баҳогузорӣ намуд. Зимнан масоили арзишҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо махсус таъкид гардид.
Сипас директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва таъкид намуд, ки ҳамкориҳои ду давлати ҳамсояи Ӯзбекистону Тоҷикистон сол то сол густариш меёбад.
Ислоҳот ва навгониҳои шаҳри Душанберо махсус қайд намуда, нақши меъморони тоҷикро дар бунёди сохтмонҳои замонавӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Владимир Норов махсусан меҳмонхонаи “Румӣ”-ро, ки бо иштироки бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, баҳои баланд дода, санъати баланди меъморони тоҷикро қайд кард. Ӯ рушди муштараки ҷонибҳоро махсус таъкид намуда, ҳамкориҳои фаъоли иқтисодиро дар равобити мутақобилан сӯдманд муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷониби Ӯзбекистон хоҳони густариши робитаҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳангӣ мебошад ва амалӣ намудани чанд лоиҳаи муштарак, аз ҷумла ҳамкориҳои густурдаи илмиву пажӯҳишӣ байни марказҳоро ба нафъи ҳар ду ҷониб мувофиқ донист.
Баъдан, ҳайати намояндагони ду ҷониб масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои илмию пажӯҳишии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд. Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки дар байни ду муассисаи муҳимми давлатӣ ҷиҳати ҳамкориҳои самарабахши илмиву тадқиқотӣ чорабиниҳои илмӣ дар соли ҷорӣ доир карда шаванд.
Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва изҳори умед намуд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, илмиву адабии халқҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш густариш ва равнақ меёбанд.
Дар вохӯрӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, муовини аввали Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрам Неъматов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ширкат варзиданд.
Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон