Рӯзи 9 марти соли 2023 мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, иштирокчиёни конфронси байналмилалии «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор гардид.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Қазоқистон ва яке аз шарикони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба шумор меравад. Ҳамкориҳои судманди фарогир байни ду кишвар солҳои охир беш аз пеш тавсеа ва тақвият меёбанд. Ҳар сол аз Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулоти зиёди саноатию кишоварзӣ, махсусан маҳсулоти ғалладонагӣ, ворид мегардад. Аз Тоҷикистон низ ба Қазоқистон маҳсулоти гуногуни саноативу кишоварзӣ, пеш аз ҳама, меваҷот, пиёзу картошкаи барвақтӣ, маҳсулоти полезӣ содирот мешавад. Ҳаҷми гардиши муомилоти молӣ сол то сол меафзояд.

Хайриддин Усмонзода нақши роҳбарони ду кишварро дар тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан сӯдманд муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, ӯ пешниҳод кард, ки дар аснои сафари қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси муштарак доир гардад.

Сипас директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва тазаккур дод, ки ҷониби Қазоқистон хоҳони густариши робитаҳои гуногун дар соҳаҳои сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, туризми тиббӣ байни ду кишвари ҳамсоя мебошад. Ҳамзамон, Еркин Тукумов нақши ҳамкориҳои илмӣ миёни марказҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таҳияи рушди муштараки минтақаро саривақтӣ шуморид. Ҷонибҳо тамдид ва имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории миёни марказҳоро мувофиқи мақсад шумориданд.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва изҳори умед намуд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, илмиву адабии халқҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон беш аз пеш густариш ва равнақ меёбанд.

Дар мулоқоти дуҷониба муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ширкат варзид.

Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.

 Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед