Санаи 31 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаи таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо изҳор доштанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки масъалаи густариши робитаҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар авлавияти сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Зимнан,  директори Маркази тадқиқоти стратегӣ иброз дошт, ки айни ҳол дар минтақа ва ҷаҳон хатару таҳдидҳо афзоиш ёфта истодаанд ва ин раванд марказҳои зеҳнӣ ва муассисаҳои илмии кишварҳои моро водор менамояд, ки баҳри ҳифзи суботу амнияти минтақа, пешгирии хатару таҳдидҳо ва пешбурди ҳадафҳои муштарак ҷиҳати расидан ба рушди устувор ҳамкориҳои илмӣ ва оянданигариро тақвият бахшанд.

Мулоқот дар рӯҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед