Рӯзи 13 апрели соли 2023 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин бо сардори Шуъбаи иттилоот ва равобит бо ҷомеаи Котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Юрий Шувалов баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот директори Марказ меҳмонро хайрмақдам гуфта, қайд намуд, ки СААД дар вазъияти зудтағйирёбандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар таъмини амнияти кишварҳои аъзо нақши муҳим дорад.

Таъкид гардид, ки  Тоҷикистон ба ҳайси яке аз асосгузорони созмон нақши онро дар таҳким ва тақвияти суботи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ менамояд. Бинобар ин, кишвари мо ҳамкориро бо СААД густариш дода, фаъолияти созмонро мувофиқ ба манфиатҳои миллии ҳамаи давлатҳои аъзо медонад.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои раёсати худ кӯшиш ба харҷ дод, ки ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо, бештар тақвият ёбанд ва неруи ҳарбӣ-техникии созмон қавитар гардонида шавад. СААД чандин маротиба худро ҳамчун созмони таҳкимбахши субот ва ҷонибдори сулҳ исбот кардааст. Созмон бо хатару таҳдидҳои олами муосир аз ҷумлаи терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, сепаратизм, гардиши ғайрқонунии маводи мухаддир ва кибертерроризму киберҷиноят муборизаи оштинопазир бурда истодааст.

Усмонзода илова намуд, ки Марказ доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Созмон пайваста пажӯҳишҳои илмӣ-амалӣ анҷом медиҳад ва конфронсу мизҳои гирдро баргузор менамояд.

Дар навбати худ, сардори Шуъбаи иттилоот ва равобит бо ҷомеаи Котиботи СААД Ю.Шувалов ҷиҳати пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки нақши Тоҷикистон дар рушд ва тақвияти созмон хеле бузург аст. Хусусан, талошҳои Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаклгирии СААД ва ташаккули он беназир арзёбӣ гардид. Таъкид гардид, ки кишварҳои аъзоро зарур аст, дар чаҳорчӯбаи созмон ҳамкориҳоро тақвият бахшанд, зеро вазъияти мураккаб ва печидаи байналмилаливу минтақавӣ муҳиммияти тақвияти равобит дар самти ҳарбӣ-сиёсиро дар доираи Созмон дучанд боло бурдааст.

Мавриди зикр аст, ки Ю.Шувалов баргузории ҳамоишҳои муштаракро байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва СААД вобаста ба таҳкими амният муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин Ю. Шувалов ташаббуси охири Тоҷикистон доир ба обро муҳим ва саривақтӣ дониста, пешниҳод кард, ки дар чаҳорчӯби Созмон дар баробари дигар хатарҳо, ҳамкории нав оид ба пешгирии норасоии обу таҳдидҳои вобаста ба иқлим ба роҳ монда шавад. Ю.Шувалов изҳори умед намуд, ки дар оянда низ Тоҷикистон ҳамчун узви фаъол ва ташаббускор барои тақвияти созмон саҳми худро мегузорад.

Юрий Шувалов таъкид намуд, ки Котиботи СААД ҳавасманд аст, ки як ҷо бо Маркази тадқиқоти стратегӣ ва бо ҷалби дигар коршиносон масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти Созмон ба роҳбарияти он пешниҳодҳои мушаххас ироа намояд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ба фарҷом расид.

Хадамоти  матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед