Санаи 21 июли соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти арзи адаби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода баргузор гардид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода сараввал меҳмонро хайрамақдам гуфта, дар робита ба даргузашти фоҷеавии собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Синдзё Абэ ба ҷаноби Сафир ҳамдардӣ баён кард.
Сипас Усмонзода Хайриддин доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Зимнан иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо миёни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аики аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, дар навбати худ иброз дошт, ки ҷониби Ҷопон омода аст, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷиҳати рушди робитаҳои илмию пажӯҳишӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.
Дар вохӯрӣ масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон