Дар доираи сафари ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо раиси Пажӯҳишгоҳи сиёсии Парлумони ин кишвар Бобаки Нигаҳдорӣ баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Бобаки Нигаҳдорӣ ҳайати Марказро ба Пажӯҳишгоҳи сиёсии Парлумон хайрамақдам гуфта, оид ба самтҳои фаъолияти ниҳоди мазкур маълумот ироа намуд. Таъкид гардид, ки Пажӯҳишгоҳи сиёсии Парлумон, қабл аз ҳама, ба омӯзиш ва таҳлили масъалаҳои мубрам ва мавриди таваҷҷуҳи Парлумон машғул аст. Ҳамзамон зикр шуд, ки пешниҳоди тавсияҳо ба Парлумон яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ниҳоди мазкур аст. Пажӯҳишгоҳ ба лоиҳаҳои санадҳои пешниҳоднамудаи Парлумон аз нуқтаи назари сиёсӣ баҳогузорӣ намуда, машварат медиҳад.
Дар мавриди худ директори Марказ Хайриддин Усмонзода аз пазироии гарми ҷониби Эрон изҳори миннатдорӣ намуда, доир ба самтҳои фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегӣ маълумоти мухтасар ироа намуд. Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлилу таҳқиқотии равандҳои сиёсӣ ҳамзамон, масъалаҳои иқтисодиро низ мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад. Директори Марказ иброз дошт, ки омӯзишҳои илмӣ яке аз самтҳои дигари фаъолияти Марказ аст.
Ҷонибҳо дар идомаи мулоқот ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ изҳор доштанд. Дар охир ба саволҳои коршиносони Пажӯҳишгоҳи сиёсии Парлумони Эрон оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ посух доданд.
Мулоқот дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон