Дар ҳошияи сафари ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо директори Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҳасан Шайхулисломӣ баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Муҳаммадҳасан Шайхулисломӣ ҳайати Марказро хайрамақдам гуфта, ҳамкорӣ ва тавсеаи робитаҳои илмӣ бо Маркази тадқиқоти стратегиро арзишманд арзёбӣ намуд. Мавсуф дар идомаи суханронии худ доир ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҷӯйии баъзе давлатҳо моро водор месозад, ки ҳамкориҳои байнидавлатиро дар самтҳои гуногун аз ҷумла, ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ густариш диҳем. Зимнан, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар таъмини амнияти минтақа ва пешрафти ҷомеаи ҷаҳон, ки дар гузашта саҳми бузурги худро гузоштаанд, дар оянда низ метавонанд нақши калидии худро гузоранд.

Директори Марказ Хайриддин Усмонзода аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди фикрӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо дигар марказҳои зеҳнӣ роҳандозӣ намояд. Дар ин радиф ҳамкориҳои илмӣ ва таҳлилӣ бо ниҳодҳои зеҳнию таҳлилии Эрон яке аз авлавиятҳо дар фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегӣ қарор дорад. Директори Марказ ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни марказҳоро дар раванди сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон дар соли ҷориро дастоварди муҳим баҳогузорӣ намуд. Таъкид гардид, ки имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалӣ имкон фароҳам овард, ки ҳамкориҳои илмӣ ва таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Эрон тавсеа ёбад.

Шиддат гирифтани вазъияти сиёсии ҷаҳон дар суханронии директори Марказ ба таври мушаххас мавриди таҳлил қарор гирифта, таъкид гардид, ки афзоиши пешгирии хатару таҳдидҳо, пеш аз ҳама, ниёз ба баррасӣ таҳлил доранд. Бинобар ин, омилҳои мазкур ниҳодҳои зеҳниро водор месозад, ки ҳамкориҳои илмиро тақвият бахшанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба пешбурди ҳамкории муштарак табодули назар намуда, омодагии худро оид ба баргузории ҳамоишҳои илмӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисон, ва табодули коришиносон изҳор доштанд.

Мулоқот дар рӯҳияи самимият ва фазои дӯстона доир гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед