Имрӯз 1 ноябри соли 2022 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин бо раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуди Шалоӣ баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, намояндаи Сафорати Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Маъруф Абдураҳмонов ва муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Алиназар Ашров иштирок намуданд.
Дар оғози мулоқот доктор Маҳмуд Шалоӣ меҳмононро ба Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон хайрамақдам гуфта оид ба аҳамияти робитаҳои фарҳангӣ дар пешбурди ҳамкорӣ дар ҷаҳони мураккаб ва пуртазод ибрози назар намуд. Доктор Шалоӣ қайд намуд, ки мардуми тоҷик ва эрон дар рушди тамаддуну фарҳанги башарият ҳамеша талош намуда, нақши муассир доранд. Дастовардҳои муштараки таърихию фарҳангии тоҷикону эрониён имрӯз ба таври шоиста дар пешрафти ҷаҳониён муосидат намуда истодаанд. Зимнан аз фаъолияту осор ва нақши мондагори Устод Рӯдакӣ ва Камоли Хуҷандӣ, ки муҷассамаи ин шахсияти таърихӣ дар саҳни Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон гузошта шудааст ёдоварӣ гардида, зикр шуд, ки ҷиҳати ҳифз ва муаррифии бештари фарҳангу таърих ва дастовардҳои муштараки фарҳангӣ ташаббусҳои бештар нишон дода шавад. Инчунин раиси Анҷуман ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ бо шоирону нависандагони тоҷик ва баргузории чорабиниҳои муштарак изҳор дошт.
Директори Марказ Усмонзода Хайриддин дар навбати худ аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар шароити бархурди тамаддунҳо тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ дар ҳифзи суботу оромии минтақа ва ҷаҳон нақши муассири худро гузорад. Директори Марказ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 31 соли соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз, эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ташаббусҳои муҳимро дар дохил ва хориҷии кишвар амалӣ намуда истодааст. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон бо мақсади муаррифии шоистаи фарҳангу таърих бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори гаронбаҳои ниёгони тоҷик бознашр гардиданд, ин рамзи васл намудани аслҳо миёни ду кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла таъкид гардид, ки силсилаи “Ахтарони адаб” то кунун дар Тоҷикистон нашр гардида истодааст, ки осори бузургони тоҷику форсро дар бар мегирад.
Инчунин таъкид гардид, ки чанд муддат қабл дар Эрон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон доир гардид ва ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии Эрон баргузор гардида истодааст, ки далели тақвияти робитаҳои фарҳангии ду кишвари соҳибистиқлол буда, фарҳанг ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷонибҳо мусоидат мекунад.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронии худ аз иқдомҳои муштараки Роҳбарони Олии Тоҷикистон ва Эрон дар самти тавсеаи муносибатҳои фарҳангӣ ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон махсусан, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон минбаъд низ дар самти тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ташаббусҳои муҳимро роҳандозӣ ва амалӣ менамояд.
Мулоқот дар фазои самимият ва рӯҳияи ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.