Рӯзи 8 июни соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталия Герман ва ҳамроҳонаш Флип Саприкин, Андрей Ханжин баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода меҳмони муҳтарамро хайрамақдам гуфта, пиромуни ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва экология, аз ҷумла доир ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Президенти кишвар дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии мушкилот ва муаммоҳои ҷаҳони муосир пайваста кӯшиш менамоянд. Зикр шуд, ки айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо–Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ гардида истодааст ва Конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе, ки дар доираи ташаббуси мазкур баргузор шуда истодааст, заминаи мусоид барои омодагӣ ба Конфронси байналмилалие, ки СММ соли 2023 дар ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерландия дар шаҳри Ню-Йорк доир менамояд, фароҳам меорад. Инчунин, Конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе барои пешгирии тағйирёбии босуръати иқлим ва мушкилоти вобаста ба обу экология дар ҳошияи Конфронси мазкур тадбирҳои муҳим ва қарорҳои самарнок қабул мегарданд.

Сониян Хайриддин Усмонзода доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Зимнан, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мутахассисон ва таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегӣ вобаста ба масъалаҳои рӯзмарра корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом дода, ҷиҳати пешрафти давлат, пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ва воқеӣ, ки осоиштагӣ ва амнияту пешрафти минтақа ва ҷаҳонро хахалдор месозанд, хулосаву машваратҳо пешниҳод менамоянд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо миёни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани семинару мизҳои гирд ва конфронсҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо назардошти ин, дар вохӯрӣ масъалаи тақвияти ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию омӯзишӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ хонум Наталия Герман аз пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон изҳори сипос намуда, дар навбати худ иброз дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳи башарро мебинад. Хонум Наталия Герман оид ба шукӯҳ ва шаҳомати Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки воқеан ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоти обу экология дар ҷаҳон тарафдорони зиёди пайдо намудааст, ки бақайдгирии шумораи рекордии иштирокчиён дар конфронси мазкур тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад. Мо дар раванди Конфронс бори дигар шоҳиди ҳамрайъӣ ва алоқамандии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ташаббусҳо гардидем.

Дар идомаи мулоқот роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ оид ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуд. Зикр гардид, ки дар минтақа ва ҷаҳон дар баробари дигар мушкилот рӯз то рӯз хатари терроризму ифротгароӣ афзоиш ёфта истодааст ва ин ҳолат аз марказҳои таҳлилӣ ва стратегӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати пешгирии таҳдидҳо беш аз пеш ҳамкориҳои илмию таҳқиқотиро густариш диҳанд. Вобаста ба ин, Наталия Герман омодагӣ ва ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт.

Дар вохӯрӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Бахтиёр Холиқов иштирок намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфт.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп кунед