Рӯзи 2 сентябри соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин бо намояндаи ваколатдори минтақавии Бунёди Конрад Аденауэри Олмон дар Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот директори Марказ Усмонзода Хайриддин меҳмонро барои ташриф оврадан ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ӯро бо таъин шудан ба вазифаи намояндаи ваколатдори минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ табрик намуд ва ба фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо орзу намуд.
Мавсуф нақши Бунёди Конрад Аденауэрро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва глобалии сиёсӣ, бахусус, дар фароҳам овардани фазои мусоид барои баррасии маҷмӯи масъалаҳои марбут ба минтақаи Осиёи Марказӣ, хеле муҳим арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки Марказ минбаъд низ ба идомаи робитаҳо бо Бунёди Конрад Аденауэр ҷиҳати ҳамкориҳои созанда ва дастгирии муколамаи доимӣ, ки ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ равона шудааст, ҳавасманд аст.
Дар мавриди худ, Андре Алгермиссен ба директори Марказ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда таъкид кард, ки ҳадафи сафари ӯ таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегӣ ва табодули андешаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар робита ба минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Андре Алгермиссен зикр кард, ки Марказ дар самти омӯзиши вазъи минтақа ва ҷаҳон таҷрибаи хеле бой дорад. Аз ин рӯ, Фонди мазкур барои ҳамкорӣ бо Марказ ҳавасманд мебошад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои муштаракро дар доираи Ёддошти тафоҳуми соли 2023 ба имзо расида мусбат арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ба тавсеаи минбаъдаи ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷории муносибатҳоро баррасӣ намуда, дурнамои рушди онро муҳокима карданд, инчунин оид ба масъалаҳои муҳимми минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таъмини амният, мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, иқтисоди сабз, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои мубрам табодули назар карда шуд.
Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон