Рӯзи 28 феврали соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин Усмон бо Мушовири минтақавии ЮНИСЕФ Марио Москер баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот директори Марказ  меҳмонро хайрамақдам гуфта, доир ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ниҳоди таҳлиливу машваратӣ буда, равандҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар, масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро мавриди пажуҳиш қарор медиҳад.

Таъкид гардид, ки Марказ таҷрибаи ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ-ро дар самти баргузории таҳқиқоти соҳавӣ дорад ва минбаъд низ омодаи ҳамкориҳои судманд мебошад.

Дар мавриди худ Марио Москер аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки хоҳишманди гирифтани маълумот оид ба фаъолиятҳои таҳлилии Марказ ва роҷеъ ба барномаи минбаъдаи илмӣ-пажуҳишии банақшагирифташуда дар масоили иҷтимоӣ мебошад. Зикр гардид, ки ЮНИСЕФ доир ба таҳқиқи масъалаҳои мавҷуда дар муҳити наврасон омодаи ҳамкорӣ мебошад.

Ҳамзамон, ҷонибҳо дар идомаи мулоқот ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳоро марбут ба осебпазирӣ ва хатарҳое, ки ба он наврасон дучор мегарданд, иброз намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории муштарак вобаста ба масъалаҳои некуаҳволии кӯдакон ибрози назар намуданд.

Мулоқот дар руҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед