Санаи 18 октябри соли 2023 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин бо Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханули ва муовини директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Сакуов Нурлан Нуртазаевич баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои илмию пажӯҳишии марказҳои зеҳнии ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.
Нахуст, директори Марказ Усмонзода Хайридин меҳмонро хайрамақдам гуфт ва дар бораи равобити дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодии ҳар ду кишвар, дӯстиву рафоқати ду халқи бародар ибрози назар намуда, афзуд, ки Тоҷикистону Қазоқистон дорои сатҳи баланди муносибатҳо мебошанд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарони сиёсии худ дар ҳама бахшҳо намунаи беҳтарини ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. Барои рушди бештар дар баробари дигар мақомоту идораҳо ва татбиқи ҳадафҳои муштарак марказҳои таҳлилии моро низ зарур аст, ки ҳамкориҳои васеи илмӣ-таҳлилӣ ва машваратиро тақвият бахшем.
Баъдан муовини директори Марказ Муҳаммадзода Парвиз оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилӣ Марказ ба ҳамтои қазоқистонӣ маълумоти муфассал ироа намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки Марказ барои ҳамкориҳои минбаъда ва баргузор намудани пажуҳишҳои муштарак бо Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамеша омода мебошад.
Дар навбати худ, Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон аз сатҳи равобити дуҷониба миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар тамоми давраи равобити дуҷониба ҳеҷ вақт мавридҳои баҳсбарарангез нашудааст ва тамоми масъалаҳо ҳамеша дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл мешаванд.
Муовини директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Сакуов Нурлан Нуртазаевич дар навбати худ аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамчун ниҳоди муҳимми зеҳнӣ ва таҳлилӣ дар минтақа мақоми баландро соҳиб аст. Инчунин, Сакуов Нурлан аз рушди робитаҳои илмӣ – таҳлилӣ бо Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, алоқамандии худро ба густариши равобити дуҷониба баён дошт.
Дар охир директори Марказ Усмонзода Хайридин изҳори умед намуд, ки минбаъд низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, илмиву адабии кишварҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон сол то сол густариш ва равнақ меёбанд.
Дар фарҷоми мулоқот дастовези интишоротии Маркази тадқиқоти стратегӣ иборат аз таълифоти илмӣ-таҳлилӣ ҳамчун намунае аз фаъолияти Марказ ба муовини директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Сакуов Нурлан Нуртазаевич ва Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханули тақдим гардид.
Мулоқот дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон