15 майи соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмонов баргузор гардид.
Директори Марказ Хайриддин Усмонзода дар оғози мулоқот меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Зикр шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамчун ниҳоди таҳлилӣ ва машваратӣ масъалаҳои мубрам ва стратегиро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор медиҳад. Марказ ҳангоми пешбурди фаъолияти худ бо марказҳои зеҳнии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар чаҳорчуби равобити дуҷониба мизҳои гирд ва семинару конфронсҳои муштаракро баргузор менамояд. Инчунин, бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории фарогир роҳандозӣ гардидааст. Махсус таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои Марказ бо ниҳодҳои дигари зеҳнии минтақа ва ҷаҳон пайгирӣ ва баррасии мавзӯъҳои ҳифзи суботи сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, коркарди воситаҳои муосири пешгирӣ ва бартарфсозии хатару таҳдидҳои муосир мақоми афзалиятнокро соҳибанд.
Сониян, Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмонов аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, дар навбати худ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва ҳуқуқбунёд бо низоми қонунгузории адолатмеҳвар ва сиёсати созанда тавонистааст, ки ҳуқуқу озодиҳои тамоми шаҳрвандонро таъмин намуда, зиндаги муносиб ва шоистаро фароҳам орад.
Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмонов оид ба масъалаи ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, қайд кард, ки сиёсати илмбунёд ва воқеъбинонаи Президенти Тоҷикистон баробарии тамоми шаҳрвандон аз ҷумла, аққалиятҳои миллиро дар кишвар таъмин намудааст.
Кайрат Абдураҳмонов вобаста ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Тоҷикистон ва минтақа ибрози андеша намуда махсус таъкид кард, ки “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сиёсатмадори на танҳо ҳавзаи Осиёи Марказӣ балки беҳтарин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳон аст. Дидгоҳи созанда, таҷрибаи амалӣ ва дипломатияи инсондӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷаҳониён ҳамчун намунаи олӣ истифода менамоянд. Ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон ва баргузориии чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ далели инкорнашавандаи андешаҳои болозикр мебошанд.” Зимнан, Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмонов аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ ва таассуроти некро ироа дошт.
Дар фарҷоми мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ, баргузор намудани мизҳои гирд вобаста ба мавзӯи аққалиятҳои миллӣ миёни Маркази тадақиқоти стратегӣ ва Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон