Рӯзи 12 апрели соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайридин Усмонзода бо гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии дин ва эътиқод хонум Назила Ғанӣ баргузор гардид. Директори Марказ дар оғози мулоқот меҳмонро хайрамақдам гуфта, вобаста ба паҳлуҳои фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар иброз намуд.
Вобаста ба озодии эътиқод дар кишвар изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии давлатро муайян карда, ба ҳайси сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон баромад менамояд. Меъёрҳои он барои ҳамаи соҳаҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи дин заминаи асосии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Тамоми муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи дин дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст. Моддаҳои 1, 5, 8, 10, 14, 17, 26, 30 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба самти ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур марбутанд, ки меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Таъкид гардид, ки озодона муайян намудани муносибати инсон нисбат ба дин бевосита аз моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намудааст. Моҳияти дунявии давлат ин маънои таъмини ҳамзистии осоштаи динҳо ва давлатро дар назар дорад.
Тавре зикр гардид, тибқи моддаи 26-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Тазаккур дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо эътироф шуда, барои фаъолияти осоиштаи дин, ибодат, расму оин ва маросимҳо ҳеҷ гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надорад.
Сипас гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии дин ва эътиқод хонум Назила Ғанӣ аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуд. Дар навбати худ номбурда вобаста ба масъалаи озодии дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Марказ саволҳо дод, ки Хайриддин Усмонзода вобаста ба ҳар як савол бо далелҳо посухҳои мушаххас ироа намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории муштарак вобаста ба масъалаҳои озодии дин ва эътиқод дар минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, дар мулоқот муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Маъруф Абдуҷабборов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон