Рӯзи 31 октябри соли 2022 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин бо директори Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон Обид Акбарӣ баргузор гардид. Дар оғози мулоқот директори Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон ҳайати Маркази тадқиқоти стратегиро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон хайрамақдам гуфта, роҳандозии ҳамкориҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотиро бо Маркази тадқиқоти стратегӣ муҳим ва сарвиқатӣ арзёбӣ намуд. Обид Акбарӣ иброз дошт, ки тавсеаи робитаҳои илмию таҳлилӣ ва пажӯҳиши муштараки масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ имкон фароҳам меоранд, ки марказҳои зеҳнӣ тавсияҳои судмандро ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои мутақобилан судманди кишварҳояшон ироа намоянд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Усмонзода Хайриддин дар навбати худ аз пазироии самимии ҷониби Эрон изҳори сипос намуда, рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилиро миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуд. Махсус зикр гардид, ки сафари расмии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охири моҳи майи соли 2022 ба рушди робитаҳои дипломатӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ бахшид. Аз ҷумла, дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таҳлилӣ дар заминаи сафари мазкур миёни муассисаҳои зеҳнии ду кишвар санадҳои нав ба имзо расиданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар соли ҷорӣ аз барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон 30 сол пур гардид ва вобаста ба санаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳои муштарак доир гардида истодаанд.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо аз афзоиши хатару таҳдидҳои замони муосир ва дигар мушкилотҳои ҷаҳонӣ ёдовар шуда, пешбурди ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилиро яке аз василаҳои асосии ҳалли мушкилотҳои мазкур муаррифӣ намуданд.
Вобаста ба ин роҳбарони ин ду маркази зеҳнии Тоҷикистон ва Эрон алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва таҳлилӣ баён доштанд. Мулоқот дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.