Рӯзи 22 майи соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи Форуми 18-уми Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Усмонзода Хайриддин бо директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Орипов Элдор баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот директори Марказ Хайриддин Усмонзода меҳмони олиқадрро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҳамтои ҳудро вобаста ба муваффақона баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ дар Ӯзбекистон табрик намуд. Зимнан, таъкид гардид, ки миёни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ҳанӯз соли 1996 санади ҳамкорӣ имзо гардида, дар ин муддат ниҳодҳои зеҳнӣ як қатор чорабиниҳои муштараки илмию амалиро роҳандозӣ ва татбиқ намудаанд.
Директори Марказ оид ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуда, қайд кард, ки ҳоло вазъияти минтақа ва ҷаҳон хеле ҳассос ва мураккаб гардидааст. Дар чунин раванди мураккаб нақши марказҳои таҳлилӣ дар муайяннамоии хавфу хатарҳо, пешбинии равандҳо ва мусоидат дар қабули қарорҳои самаранок бағоят бузург гардидааст. Бинобар ин, таҳкими робитаҳои илмӣ таҳлилӣ миёни ин ду ниҳоди зеҳнӣ хеле муҳим аст.
Директри Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Элдор Орипов дар навбати худ аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамчун ниҳоди муҳимми зеҳнӣ ва таҳлилӣ дар минтақа мақоми баландро соҳиб аст. Зимнан, роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегиро ҷиҳати бомуваффақона баргузор намудани ҷаласаи Форуми 18-уми Созмони ҳамкории Шанхай муборакбод намуд.
Элдор Орипов аз рушди робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ бо Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, алоқамандии худро ба густариши равобити дуҷониба баён дошт. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Узбекстон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти робарони сиёсии худ дар ҳама бахшҳо намунаи беҳтарини ҳамкориро ба роҳ мондаанд, ки тавсеа ва татбиқи ҳадафҳои муштарак марказҳои таҳлилии моро водор менамоянд, ки ҳамкориҳои илмиро тақвият диҳанд, – чунин иброз дошт Элдор Орипов.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо масъалаи тамдиди Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, зикр шуд, ки нашқаи чорабиниҳои муштарак миёни ду ниҳоди зеҳнӣ барои як сол омода гардад.
Дар фарҷоми мулоқот Усмонзода Хайриддин қайд намуд, ки раисии Форуми Созмони ҳамкории Шанхай барои соли 2023-2024 ба зиммаи Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон қарор мегирад. Вобаста ба ин, ба ҳамтои узбекистонии худ дар самти мазкур барору муваффақият таманно намуд.
Мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон