Санаи 29 марти соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин бо ҳайати парлумонии Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ – Николоз Самхарадзе баргузор гардид.

Николоз Самхарадзеро дигар масъулини кумитаҳои парлумонии Гурҷистон, аз ҷумла, муовини якуми раиси Кумита оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, аъзои Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ – Давид Матикашвилӣ, раиси Кумита оид ба масоили тартиботӣ, аъзои Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ – Иракли Кадагишвили, кордори муваққатии Гурҷистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтор – Гиорги Чхендзе ва мушовири калони сафорати Гурҷистон – Иракли Канделаки ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст зимни мулоқот директори Марказ Усмонзода Хайриддин ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии Марказ, стратегияҳо ва барномаҳои калидии рушди иқтисодии мамлакат, зарфиятҳои истеҳсолии соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, доираи ҳамкориҳои гуногунҷанбаъ бо кишварҳои олам маълумоти мухтасар ироа намуд.

Дар мавриди худ, раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалии Парлумони Гурҷистон Николоз Самхарадзе аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, доир ба самтҳои Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ маълумот ироа намуд. Таъкид гардид, ки ин сафари аввали ҳайати парлумони Гурҷистон ба Тоҷикистон буда, ҳадафи он аз наздик ошно шудан бо имкониятҳо ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва барқарору тавсеа бахшидани равобит бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ мебошад.

Дар зимн аз ҷониби ҳайати меҳмонон доир ба масъалаҳои иқтидори кишвар дар самти гузаштан ба “энергияи сабз”, зарфиятҳо ва иқтидори кишоварзии мамлакат, масъалаҳои ҳифзи суботу амният дар пасаманзри вазъи Афғонистон  ва зарфиятҳои транзитии мамлакат саволҳо ироа гардиданд. Директори Марказ вобаста ба саволҳои пешниҳодшуда ҳайати меҳмонон ҷавобҳои қонеъкунанда ва мушаххас ироа намуд.

Ҷонибҳо дар идомаи мулоқот ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ – таҳлилӣ миёни марказҳои тадқиқотии ҳар ду кишвар низ изҳори андеша намуданд.

Мулоқот дар руҳияи самимӣ, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 

Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии
Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед