Рӯзи 17-уми августи соли 2022 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Хайриддин Усмон бо Муовини мудири кул, сардори Раёсати кишварҳои Авру-Осиё ва Балкани Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Симона Халперин баргузор гардид. Дар мулоқот хонум Халперинро директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Михал Хершковитс ва Сафири Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хиллел ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил дар чаҳорчӯби бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву амниятӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмиву таҳлилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон