Санаи 6 октябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Усмонзода Хайридин бо намояндаи Институти байналхалқии тадқиқотии Донишкадаи мусалмонӣ (Исломобод) Асиф Танвир Аван баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории муштарак ва тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ табодули назар намуданд.

Нахуст директори Марказ Усмонзода Хайридин меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд. Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамчун ниҳоди таҳлилӣ ва машваратӣ масъалаҳои мубрам ва стратегиро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор медиҳад. Марказ ҳангоми пешбурди фаъолияти худ бо марказҳои зеҳнии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, дар чаҳорчӯби равобити дуҷониба мизҳои гирд ва семинару конфронсҳои муштаракро баргузор менамояд. Инчунин, бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории фарогир роҳандозӣ гардидааст. Махсус таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои Марказ бо ниҳодҳои дигари зеҳнии минтақа ва ҷаҳон пайгирӣ ва баррасии мавзуъҳои ҳифзи суботи сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, коркарди воситаҳои муосири пешгирӣ ва бартарафсозии хатару таҳдидҳои муосир мақоми афзалиятнокро соҳибанд.

Инчунин, директори Марказ илова намуд, ки чанд соли охир муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон тақвият ёфта истодаанд. Тоҷикистону Покистон дар самтҳои гуногун сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амниятӣ, энергетикӣ ва ғайра ҳамкории фаъол доранд. Ҳамчунин, афзуд, ки муносибатҳои мутақобилан судманди дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон марҳала ба марҳала тақвият ёфта истодаанд, ки дар ин раванд нақши роҳбарони олии ҳарду кишвар хеле бузург аст.

Дар навбати худ, намояндаи Институти байналхалқии тадқиқотии Донишкадаи мусалмонӣ (Исломобод) Асиф Танвир Аван аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Институти байналхалқии тадқиқотии Донишкадаи мусалмонӣ (Исломобод) ниҳоди таҳлилии ғайриҳукуматӣ, ғайрисиёсӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад, ки ба пешбурди сулҳ, субот, шукуфоӣ ва роҳбарӣ дар ҷаҳони мусулмон машғул аст. Институт муҳаққиқон, зиёиён ва сиёсатмадоронро барои таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, масъалаҳои амниятӣ ва ғайра муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон, Асиф Танвир Аван пешниҳод намуданд, ки ҷонибдори табодули таҷриба, баргузор намудани конфронсҳо ва мизҳои гирди муштарк бо Марказ мебошанд. Ӯ изҳори хоҳиш кард, ки байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Институти байналхалқии тадқиқотии Донишкадаи мусалмонӣ (Исломобод) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

Директори Марказ пешниҳодҳои мазкурро муҳим ва ба нафъи равобити дуҷонибаи илмӣ – таҳлилии ду кишвар маънидод намуд.

Мулоқот дар руҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии
Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед