Дар идомаи сафари ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мулоқоти роҳбарияти Марказ бо коршиносон ва таҳлилгарони Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Эрон доир гардид. Бояд зикр намуд, ки аксари коршиносони Маркази зеҳнии Эрон собиқ сафирони ин кишвар дар давлатҳои хориҷӣ мебошанд.
Директори Марказ Хайриддин Усмонзода барои коршиносон дар мавзуи “30 соли сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” суханронӣ намуд. Мавсуф нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди иҷтимоӣ- иқтисодии кишвар, равобити Тоҷикистону Эрон, моҳияти сиёсати сулҳомез, санҷидашуда ва ҳамсоядории неки Тоҷикистонро шарҳ дод. Махсус таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои боз” тавонист, ки бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои дипломатии мутақобилан судмандро ба роҳ монда, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби давлатҳову созмонҳои ҷаҳонӣ эътироф гардад.
Инчунин, дар мавриди мубориза бо хатару таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, қайд намуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол ва пешсаф дар мубориза бо хатарҳои мазкур мебошад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ таҷрибаи амалии муқовимат бар зидди ин таҳдидҳоро дошта, сиёсати ягонаро пешбарӣ менамояд. Аз ин ҷост, ки кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро шарики боэътимоди худ эътироф намоянд.
Пас анҷоми суханронии Хайриддин Усмонзода аз ҷониби коршиносон вобаста ба самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, мушкилоти имрӯзи минтақаву ҷаҳон ва дигар мавзуъҳои мубрам саволгузорӣ шуд. Вобаста ба саволҳои коршиносон директори Марказ посухҳои илмӣ ва мушаххасро баён дошт.
Чорабинӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон