Рӯзи 2 июни соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд бо сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Васлибек Қурбон баргузор шуд. Вохӯриро бо сухани муқаддимавӣ роҳбари дастгоҳи Марказ Умед Давлатов ифтитоҳ намуда, намояндаи Агентиро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас Васлибек Назриён доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ сухан ронда, аҳли нишастро даъват кард, ки дар самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд. Ӯ қайд намуд, ки тибқи талаботи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо дарназардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода шаванд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои суиистифода аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид кардаанд, «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, ба рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати кормандон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда бояд дар тамоми вазорату муассисаҳои давлатӣ корҳои судманди тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шавад. Ҳамзамон, ба иштирокчиёни мулоқот мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муассири муқовимат ба коррупсия фаҳмонида шуд.

Дар охир намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои иштирокчиёни мулоқот посухҳои қаноатбахш дод.

Мулоқот дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед