Рӯзи 16 январи соли 2020 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии  Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Лоусан баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози мулоқот Сафири муҳтарамро хайрамақдам гуфта, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии  Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад. Ӯ хусусан рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳар ду давлатро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфият ва имкониятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт пурра истифода нашудаанд.

Диловар Қодирзода зимнан дар бораи масъалаҳои сиёсию амниятӣ сухан ронда, моҳияти сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба  меҳмони олиқадри хориҷӣ  шарҳу тавзеҳ дод ва қайд кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мусолиматомези тамоми масъалаҳои баҳсноки минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.

Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии  Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Лоусан дар навбати худ барои пазироӣ ва мулоқоти самимона ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва ба рушди робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Британияи Кабир ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкими онҳоро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳури Тоҷикистон номид. Ӯ аз робитаҳои фарҳангии халқҳои англис ва тоҷик ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, адабиёту санъат ва махсусан, соҳаи туризм, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.

Зимни мулоқот инчунин, ҳар ду тараф масъалаҳои амнияти минтақавию ҷаҳон, ҳалли мусолиматомези муноқишаҳо ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об дар доираи фаъолияти СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, дипломатияи об барои рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, вазъи экологии минтақа, наҷоти баҳри Арал ва ғайраро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Дар мулоқот муовини директори Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон  ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Бахтиёр Холиқов иштирок доштанд.          Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар  анҷом ёфт.

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии  назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед