Рӯзи 30 январи соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози мулоқот Сафири муҳтарамро хайрамақдам гуфта, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад. Усмонзода Хайриддин нақши роҳбарони олии ду кишвари дӯстро дар пешбурд ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуд. Усмонзода Хайриддин хусусан инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, аз ҷумла иқтисоди сабз, фарҳангӣ ва сайёҳиро барои ҳар ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим шумурда, зикр намуд, ки мавриди истифода қарор додани зарфият ва имкониятҳои воқеии ҳар ду давлат ба суди ду кишвари ҳамҷавор мебошад.

Сипас Усмонзода Хайриддин доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар ироа намуд. Зимнан, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ бо якчанд ниҳодҳои таҳлилии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расонидааст, ки аз густариши равобити илмӣ-таҳлилии ҳарду кишвар шаҳодат медиҳад.

Дар навбати худ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён барои пазироӣ ва андешаҳои самимона оид ба дӯстии ду кишвар ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба рушди робитаҳои шарикии дӯстона ва ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон баҳои баланд дод. Таҳкими онҳоро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Ӯ аз муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва таърихии халқҳои Эрону Тоҷикистон ва аз гуфтори раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуд, ки пешрафти Тоҷикистон ин пешрафти Эрон ва амнияти Тоҷикистон ин амнияти Эрон мебошад. Илова ба ин, Сафир қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Иброҳим Раисӣ пас аз расидан ба симмати раисҷумҳурии ин кишвар якумин сафари хориҷии худро ба Тоҷикистон анҷом дод, ки ин аз робитаҳои қавии дӯстонаи Тоҷикистону Эрон шаҳодат медиҳад.

Зимни мулоқот инчунин, ҳар ду тараф масъалаҳои амнияти минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон ва дурнамои вазъи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро мавриди арзёбӣ қарор доданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯ ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед