Рӯзи 18 марти соли 2022 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Игор Семёнович Лякин-Фролов баргузор гардид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози мулоқот Сафири муҳтарамро хайрамақдам гуфта, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад, зеро Тоҷикистону Русия шарикони стратегӣ мебошанд. Ӯ хусусан рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳар ду давлатро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфият ва имкониятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт пурра истифода нашудаанд.
Хайриддин Усмонзода зимнан дар бораи масъалаҳои сиёсию амниятӣ сухан ронда, моҳияти сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мусолиматомези тамоми масъалаҳои баҳсноки минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин–Фролов дар навбати худ барои пазироӣ ва мулоқоти самимона ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва ба рушди робитаҳои шарикии дӯстона ва ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкими онҳоро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Ӯ аз робитаҳои фарҳангии халқҳои русу тоҷик ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф, адабиёту санъат барномаҳои мушаххасро роҳандозӣ хоҳад намуд.
Зимни мулоқот инчунин, ҳар ду тараф масъалаҳои амнияти минтақавӣ, вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дурнамои вазъи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро мавриди арзёбӣ қарор доданд. Ҳамчунин, дар доираи вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмиву таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар ва ба нақша гирифтани баргузории чорабиниҳои муштараки илмиву фарҳангӣ баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Евгеневич Бурулко, муовинони директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, Саодат Ҷӯрахонзода ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Салихова иштирок доштанд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон