Рӯзи 13 апрели соли 2022 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар оғози мулоқот Сафири муҳтарамро хайрамақдам гуфта, ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Кореяро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду давлат мебошад.  Мавсуф доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар ироа намуда, зимнан, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар кишварҳо яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бояд ҳамкориҳои  илмиву пажӯҳишии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҳамтоёни кореягии худ ба роҳ монда шаванд. Барои ин кор бояд дар байни ин марказҳо Ёддошти тафоҳум имзо гардад. Дар он сурат, кормандони марказҳои таҳлиливу таҳқиқотии ҳар ду кишвар метавонанд дар самтҳои гуногун пажӯҳишҳои илмиву таҳлилӣ анҷом диҳанд ва асарҳои муштарак дар мавзуъҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таълиф намуда, ба табъ расонанд. Бо дарназардошти ин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Корея ва баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, дар навбати худ иброз дошт, ки ҷониби Ҷумҳурии Корея омода аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои илмию пажӯҳишӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.

Дар мулоқот муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Бахтиёр Холиқов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Бӯрибоев иштирок намуданд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед