Рӯзи 15 марти соли 2022 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид.
Хайриддин Усмонзода дар оғози мулоқот Сафирро хайрамақдам гуфта, робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эронро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду тараф мебошад. Ӯ хусусан, инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳиро барои ҳар ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфиятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт истифода нашудаанд.
Зимнан, мавсуф таъкид кард, ки бояд ҳамкориҳои илмиву пажӯҳишии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳодҳои пажӯҳишӣ ва зеҳнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ монда шаванд. Барои ин кор бояд дар байни ин марказҳо Ёддошти тафоҳум имзо гардад. Дар он сурат, кормандони марказҳои таҳқиқотии ҳар ду кишвар метавонанд дар самтҳои гуногун пажӯҳишҳои илмиву таҳлилӣ анҷом диҳанд ва китобҳои муштарак дар мавзуъҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба табъ расонанд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар навбати худ барои пазироӣ ва мулоқоти самимона ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода изҳори сипос намуд ва ба рушди робитаҳои дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкими онро ҳадафи асосии фаъолияти сесолаи дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Ӯ таъкид бар он кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин шуда дар ҷаҳон Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Ӯ аз муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва таърихии халқҳои Эрону Тоҷикистон ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус, бахши иқтисодиёт, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.
Сафир қайд кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ду маркази таҳқиқоти стратегӣ: яке дар назди Президент ва дигаре дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ дорад. Сафорати кишвари мо кӯшиш ба харҷ дод, ки дар байни марказҳои таҳқиқоти стратегии Эрон ва Тоҷикистон робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ барқарор гардад, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду кишвари дӯсту ҳамзабон ва ҳамфарҳанг аст. Мисоли равшани он дар таърихи 11 майи соли 2021 видеконфронси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи “Масоили дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва минтақа” мебошад, ки дар кори он коршиносони варзидаи ҳар ду кишвар, аз ҷумла аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон, сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули мақомоти зидахли ду кишвар фаъолона ширкат варзиданд. Дар ҳар ду бахши ҳамоиш мутахассисон доир ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷонибаву бисёрҷониба, омилҳои таъсиррасон ба ин равобит, пешниҳодҳои мушаххасу ҷолиб ҷиҳати дарёфти роҳи ҳал ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, инчунин, пиромуни масоили ҳамгироии минтақавӣ ибрози назар намуданд. Коршиносони ҳар ду тараф вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон назари ҳамсон дошта, таъкид гардид, ки барои ҷонибҳо эҷоди эътимоди комили тарафайн ва як назари осебшиносона зарур аст.
Хайриддин Усмонзода дар мулоқот зимнан изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бозори хеле бузург ва муносиб барои содироти меваҳои хушк, сангҳои ороишӣ, маснуоти заргарӣ, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар молу амволи содиротии Тоҷикистон мебошад. Кишвари мо кӯшиш мекунад, ки ба обҳои озод дастрасӣ пайдо намояд ва аз бунбасти коммуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ комилан раҳо гардад. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафи наҷиб ҷониби Эрон бандари “Чобаҳор”-ро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷора пешниҳод намудааст, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст. Дар айни замон, Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни хушсифати саноатӣ ва кишоварзӣ содир намояд.
Дар мулоқот инчунин, вазъи печидаи Афғонистон ва таъсири манфии он ба дурнамои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масоили муҳиму мубрами байналмилалиро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ барои густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоиши илмиеро дар сатҳи баланд доир намоянд, ки то дар он донишмандон ва коршиносони ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ширкат варзанд ва доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷонибаву бисёрҷониба, омилҳои таъсиррасон ба ин равобит, дарёфти роҳи ҳал ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ду кишвар изҳори назар намоянд.
Мулоқот дар рӯҳияи дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон