Рӯзи 24 сентябри соли 2019 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх баргузор гардид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози мулоқот Сафири муҳтарамро хайрамақдам гуфта, аз муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, адабиву забонии тоҷикону ҳиндиёнро ёдовар шуда, робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустонро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду давлат мебошад. Ӯ хусусан, рушди робитаҳои тиҷоратии ҳар ду давлатро муҳим дониста, зикр намуд, ки ҳоло ҳам зарфиятҳои истифоданашудаи миёни ду кишвар зиёданд.
Диловар Қодирзода зимнан дар бораи масъалаҳои сиёсию амниятии минтақа сухан ронда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаи масъалаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.
Ӯ вазъи кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ, таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ, ки ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонанд, шарҳу тавзеҳ дода, зикр кард, ки Тоҷикистон дар сафи пеши муборизаи зидди терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ қарор дорад.
Зимнан, мавсуф таъкид кард, ки бояд ҳамкориҳои илмиву пажӯҳишии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни ҳиндустонии худ ба роҳ монда шаванд. Барои ин кор бояд дар байни ин марказҳо Ёддошти тафоҳум имзо гардад. Дар он сурат, кормандони марказҳои тадқиқотии ҳар ду кишвар метавонанд дар самтҳои гуногун пажӯҳишҳои илмиву таҳлилӣ анҷом диҳанд ва асарҳои муштарак дар мавзӯъҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таълиф намуда, ба табъ расонанд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҳиндустон ҷаноби Вираҷ Сингх дар навбати худ барои пазироӣ ва мулоқоти самимона изҳори сипос намуд ва ба рушди робитаҳои дӯстонаи Ҳиндустон ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкими онро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Ӯ низ аз муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии халқҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.
Ҷаноби Сафир қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон як қатор марказҳои илмиву тадқиқотӣ вуҷуд дорад. Сафорати кишвари мо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар наздиктарин муҳлат дар байни марказҳои зеҳнии Ҳиндустон ва Тоҷикистон робитаҳои зичи илмиву пажӯҳишӣ барқарор гардад, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг аст.
Ҷаноби Вираҷ Сингх изҳор дошт, ки Ҳиндустон бозори хеле бузург ва муносиб барои содироти меваҳои хушк, сангҳои ороишӣ, маснуоти заргарӣ, сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон Ҳиндустон ҳозир аст, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти хушсифат, аз қабили доруворӣ, биринҷ, шакар, меваҳои тропикӣ ва маснуоти саноати сабукро содир намояд.
Дар мулоқот инчунин, масоили амнияти минтақавӣ, вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, истиқрори субот ва раванди сулҳофарӣ дар ин кишвари ҳамсоя, мубориза ба зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигар мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд.
Ҳамин тавр, мулоқот дар рӯҳияи дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон