Санаи 27 феврали соли 2024 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон бо роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот директори Марказ Усмонзода Хайридин меҳмонро хайрамақдам гуфта, доир ба вазъ ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳо миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ибрози андеша намуд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо аз таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои коршиносии минтақа дар солҳои охир ёдоварӣ намуда, идомаи минбаъдаи онро ба манфиати кишварҳои минтақа арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо дар идомаи мулоқот доир ба масъалаҳои муҳимми минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таъмини амният, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва дигар масоили мубрам мубодилаи афкор намуданд.
Мулоқот дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон