Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 сентябри соли 2023 мулоқоти директори Марказ бо раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуд Шалоӣ доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар самтҳои илму фарҳанг табодули назар карда, густариши минбаъдаи равобити ҳар ду кишварро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ намуданд.
Директори Марказ Усмонзода Хайридин дар баробари таъкиди ҳамёрии ду кишвар дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, тамосҳои доимии намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг ва умуман аҳли зиёро дар ин раванд ба суди ду кишвар маънидод кард.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои байни Тоҷикистону Эрон дар ҳама сатҳҳо ҷараёни баланди рушд дорад ва изҳори итминон карда шуд, ки таҳти роҳбарии сарварони ҳар ду кишвар минбаъд низ равобити дуҷониба ва сатҳи бовариву эътимод такони бештар хоҳад ёфт.
Дар мавриди худ, доктор Маҳмуд Шалоӣ барои истиқболу пазироии самимона миннатдории худро изҳор дошта, таъкид намуд, ки Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон пайваста бо баргузории маҳифилу чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ ва нашри осори намояндагони илму адаби Тоҷикистон дар муаррифии фарҳангу адабиёти тоҷик саҳм мегузорад. Зикр гардид, ки Анҷуман минбаъд низ дар ин самт неруи зеҳнии худро ба харҷ хоҳад дод.
Мулоқот дар руҳияи самимият ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.