Рӯзи 2 январи соли 2022 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ бо Намояндаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба корҳои Авруосиё ҷаноби Ли Хуэй мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот директори Марказ Намояндаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба корҳои Авруосиё ҷаноби Ли Хуэйро хайрамақдам гуфта, доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ ба таври мухтасар маълумот дод. Ҳамчунин, мавсуф ҳайати ҷониби чиниро бо 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик намуда, иброз дошт, ки дар ин муддат ду кишвар тавонистанд, ки ҳамкориҳои байнидавлатиро аз сифр ба сатҳи шарикии стратегии фарогир бароранд.
Ҷаноби Ли Хуэй дар навбати худ ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, баргузории мулоқоти мазкурро дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар як рӯйдоди муҳим ва рамзӣ арзёбӣ намуд. Дар идома 30-соли шарикии судманд ва манфиатбори ду давлати ҳамсоя ва ба ҳам дӯстро мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандони пешгирифтаи роҳбарияти ду кишвар таҳкими муносибатҳо ва амалигардонии лоиҳаҳои бузурги стратегӣ имконпазир гашт.
Ҳамчунин, ҷаноби Ли Хуэй нуктаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чинро муаррифӣ намуда, самтгириҳои он дар шароити пасо-пандемия ва таҳаввулоти баамаломадаро шарҳу тавзеҳ дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи мубраму муҳимми минтақа, махсусан дурнамои вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба равандҳои минтақаи Осии Марказиро баррасӣ ва арзёбӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон